Идомаи имтиёзҳои андозӣ. Боз ба чанде аз корхонаҳои давлатӣ қарзҳояшон бахшида шуд

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзҳо аз андози як қатор корхонаҳои давлатӣ беэътимод эътироф гардида, аз эътибор соқит дониста шаванд. Дар қарори дахлдори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, дар бораи беэътимод эътироф гардидан ва аз эътибор соқит кардани қарз аз андоз ба мабағи ҳудуди 33,2 млн сомонӣ (зиёда аз 3,1 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки қарзҳо аз андози як қатор корхонаҳои давлатӣ беэътимод эътироф гардида, аз эътибор соқит дониста шаванд.

Дар қарори дахлдори ҳукумат, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, дар бораи беэътимод эътироф гардидан ва аз эътибор соқит кардани қарз аз андоз ба мабағи ҳудуди 33,2 млн сомонӣ (зиёда аз 3,1 млн доллар) сухан меравад.

Ин маблағ аз ҳисоби қарзи андоз, ҷарима ва фоизи онҳо то 1 апрели соли 2024 ба вуҷуд омадааст.

Ба сурати умум қарзҳо аз пардохти андоз ба маблағи зиёда аз 17,7 млн сомонӣ, ҷарима ва фоизҳо – ба маблағи 15,4 млн сомонӣ аз эътибор соқит карда шудаанд.

Қарзҳои нисбатан зиёди ҶСК “Тоҷик Эйр” (ҳудуди 15,5 млн сомонӣ) ва корхонаи “Кони ангишти Назар-Айлоқ” (зиёда аз 14,8 млн сомонӣ), ки корхонаи фаръии КВД “Ангишти тоҷик” мебошад, бахшида шудаанд.

Ҳамчунин қарзҳои ҶСК “Пармакунии ҷанубӣ” (зиёда аз 1,3 млн сомонӣ), ки бастаи пурраи саҳмияҳояш ба ҳукумати ҶТ тааллуқ дорад, КВДС “Тоҷиксармоягузор” (ҳудуди 1,2 млн сомонӣ) ва корхонаи “Кони ангишти Шӯрообод” (ҳудуди 367 ҳазор сомонӣ) аз эътибор соқит дониста шуданд.

Қаблан хабар дода будем, ки бо қарори ҳукумат қарзҳо аз андози КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба маблағи беш аз 43,6 млн сомонӣ (зиёда аз 4 млн доллар) то 1 апрели соли 2024 аз эътибор соқит карда шуданд.

Пештар аз ин қарзҳо аз андози корхонаҳои зертобеъи Хадамоти алоқа (ҶСК “Тоҷиктелеком” ва КВД “Маркази мутобиқати электромагнитӣ ва радиомониторинг”), ҶСК “Тоҷиктрансгаз”, ҶСК “Суғдиён”, ки ба Агентии захираҳои давлатии моддии назди ҳукумат мансуб аст, бахшида шуда буданд. Ҳамчунин фоизҳо аз андози ҶСК “НБО Роғун”, ки саҳмиядори асосӣ ҳукумат аст ва ба бисёре аз дигар корхонаҳо низ аз эътибор соқит дониста шуданд.

Мақомот пешниҳоди чунин имтиёзу сабукиҳоро солимгардонии вазъи молиявӣ ва иқтисодии корхонаҳои давлатӣ маънидод мекунанд.

Ҳукумат ҳанӯз дар аввали соли 2019 бо қарори худ ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода буд, ки барои коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои муассир роҳандозӣ кунанд. Аз ҳамон замон аз эътибор соқит кардани қарзҳо аз андози корхонаҳои давлатӣ таҷрибаи маъмулӣ шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио