Дар Варзоб як ҷавони 26-сола мошини падарашро оташ зад

Дар ноҳияи Варзоб як ҷавони 26-сола ба оташзании автомашинаи падараш гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора дар гузориши видеоии ВКД “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад. Дар гузориш гуфта мешавад, сокини Чорбоғ ба милитсия муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки шахси номаълуме мошини ӯ – тамғаи Toyota Camry-ро дар ҳавлии хонааш оташ задааст. Дар ҷарааёни чорабиниҳои фаврӣ […]

Дар ноҳияи Варзоб як ҷавони 26-сола ба оташзании автомашинаи падараш гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора дар гузориши видеоии ВКД “Ахбори ВКД” хабар дода мешавад.

Дар гузориш гуфта мешавад, сокини Чорбоғ ба милитсия муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки шахси номаълуме мошини ӯ – тамғаи Toyota Camry-ро дар ҳавлии хонааш оташ задааст.

Дар ҷарааёни чорабиниҳои фаврӣ гумонбари ин амал боздошт мешавад, ки писари ӯ, Сорбон Гулови 26-сола, сокини Леваканти вилояти Хатлон будааст.

“Сабаби оташзанӣ норозигии писар будааст, зеро падараш ба ваъдаи харидани мошин ба ӯ вафо накарда, бо оташзании мошин писараш аз ӯ қасос гирифтан мехостааст”, – зикр мешавад дар гузориш.

Тавре ки дар ВКД зикр мекунанд, ҳарчанд автомашина аз оташ пурра насӯхта бошад ҳам, зарари расида 11,6 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Нисбати Гулов мутобиқи моддаи 255 Кодекси ҷиноятии ҶТ (“Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк бо роҳи оташ задан”) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 72 сомонӣ) ё ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.