Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки “қарзи корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналиро танзим карда шавад”. Ин санад аз ҷониби раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, рӯзи 1 октябр дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд. Ин ҷо дар бораи “беэътимод эътироф гардидан ва аз эътибор соқит кардани қарз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ дастур дод, ки “қарзи корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналиро танзим карда шавад”.

Ин санад аз ҷониби раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, рӯзи 1 октябр дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуд.

Ин ҷо дар бораи “беэътимод эътироф гардидан ва аз эътибор соқит кардани қарз аз андоз" ба мабағи 43,6 млн сомонӣ (зиёда аз 4 млн доллар), ки то 1 апрели соли 2024 ба вуҷуд омадааст, сухан меравад. Аз ҷумла, ба маблағи ҳудуди 19,7 млн сомонӣ қарзи андоз ва ҷаримаҳо дар ҳаҷми 24 млн сомонӣ аз эътибор соқит дониста мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар қарор дастур дода шудааст, ки  қарзи мақомот ва ташкилотҳо ба корхонаҳои зертобеъи КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба маблағи ҳудуди 3,3 млн сомонӣ, ки аз ҳисоби хидматрасониҳои коммуналӣ, обтаъминкунӣ, истифодаи оби ошомиданӣ ба миён омадааст, кам карда шавад.

Зери мафҳуми “мақомот ва ташкилотҳо” дар санад мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактабҳои олӣ, муассисаҳои тиббӣ, маҷмааҳои вразишӣ, шуъбаҳои ВКД ва соҳаи фарҳанг, инчуин дигар муассисаву ташкилотҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки тобистони соли ҷорӣ Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шуда, он “татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ амалӣ мекунад”.

Ба ҳайати Кумита КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва “Сохтмони асосӣ ва таъмир”, инчунин Маркази таъмини оби ошомиданӣ ва рафъи обҳои партов дохил шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио