Азсаргирии ҳамлаи Исроил ба Ғазза: Теъдоди ҷонбохтагон аз 50 ҳазор зиёд ва роҳбарони калидии ҲАМОС кушта шуд

Баъди азсаргирии ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва атрофи он мақомҳои беҳдошти Ғазза гуфтанд, теъдоди кушташудаҳо дар ин борика ба беш аз 50 ҳазор нафар расидааст. ҲАМОС аз кушта шудани дасти кам 8 нафари калидии худ хабар дод. Исроил мегӯяд, ҷангро то нобудии ин гурӯҳ давом медиҳад. Ба навиштаи “Ал-Ҷазира”, Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи якшанбе, 23-юми […]

Asia-Plus

Баъди азсаргирии ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ва атрофи он мақомҳои беҳдошти Ғазза гуфтанд, теъдоди кушташудаҳо дар ин борика ба беш аз 50 ҳазор нафар расидааст. ҲАМОС аз кушта шудани дасти кам 8 нафари калидии худ хабар дод. Исроил мегӯяд, ҷангро то нобудии ин гурӯҳ давом медиҳад.

Ба навиштаи “Ал-Ҷазира”, Вазорати беҳдошти Ғазза рӯзи якшанбе, 23-юми март эълон кардааст, ки дар ҳамлаҳои Исроил ба навор ва атрофи он пас аз 7-уми октябри соли 2023 то кунун 50 ҳазору 21 нафар фаластинӣ кушта шудаанд, ки аксари онҳо занону кӯдакон будаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, теъдоди захмиён дар ин давра ба беш аз 113 ҳазор нафар расидааст.

Дар гузориши “Ал-Ҷазира” гуфта мешавад, ки баъди азсар гирифтани ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар таърихи 18-уми марти соли ҷорӣ 673 фаластинӣ кушта ва беш аз 1200 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи фаластинии ҲАМОС эълон кардааст, ки дар чанд рӯзи гузашта Исроил ҳадди ақалл 8 фармондеҳ, аъзоёни дафтари сиёсӣ ва нафари калидии зерини ин гурӯҳро куштааст:

Салоҳ Бардавил, узви дафтари сиёсӣ ва намояндаи маҷлиси қонунгузорӣ;

Исмоил Барҳум, мудири умури молӣ ва ҷалби кумакҳо;

Баҳҷат Абусултон, мудири кулли дастгоҳи амнияти дохилӣ;

Ёсир Ҳарб, узви дафтари сиёсӣ;

Аҳмад Ҳатта, муовини вазорати додгустарӣ;

Маҳмуд Абуватфа, муовини вазир;

Исом Даълис, раиси пайгирии иқдомӣ давлатӣ;

Муҳаммад Ҷамосӣ, узви аршади дафтари сиёсӣ.

 

Дар ҳамин ҳол ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин, ки дар канори ҲАМОС бо Исроил меҷангад, аз кушта шудани Ноҷӣ Абусайф мулаққаб ба Абуҳамза, сухангӯи шохаи низомии ин созмон дар ҳамлҳои ҷадиди Исроил хабар дод.

Пеш аз ин Исроил чандин роҳбари аршдаи ҲАМОС, аз ҷумла, Исмоил Ҳания, роҳбари сиёсии он ва Яҳё Синвор, ки пас аз ӯ роҳбари ҲАМОС шуда буд, кушта буд.

Ёдрас мешавем, ки Исроил ва ҲАМОС пас аз 14 моҳи ҷанг барои оташбас дар Ғазза ба созиш расиданд, ки он аз 19 январи соли 2025 ба иҷро даромад ва 6 ҳафта давом кард. Аммо баъди анҷоми марҳилаи аввали ин тавофуқ рӯзи 18-уми март, Артиши Исроил ба далели худдории ҲАМОС аз тамдиди марҳилаи аввали оташбас ҳамлаҳои худ ба Ғазза ва атрофи онро аз сар гирифт.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи фаластинии ҲАМОС Исроилро ба қаъи якҷониба созишномаи оташбас ва худдории хуруҷи нерӯҳояш аз Ғазза муттаҳам кард.

Ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғазза ва атрофи он мавҷи ҷадиди оворагиро ба роҳ андохт ва ғайринизомиёнро маҷбур ба тарки хонаҳояшон кардааст.

Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни  гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард, ки то ҳол идома дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.