Исроил бомбборони Ғаззаро аз сар гирифт. Расонаҳо аз куштори садҳо нафар хабар медиҳанд

Дар ҳамлаҳои азсаргирифтаи Артиши Исроил ба Ғазза ва атрофи он беш аз 300 нафар кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, ба далели худдории ҲАМОС аз тамдиди марҳилаи аввали оташбас ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро аз сар гирифтааст. ҲАМОС гуфт, Исроил созишномаро якҷониба қатъ кард. Субҳи имрӯз, 18-уми март, Артиши Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғазза ва атрофи онро аз […]

Таҳияи Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар ҳамлаҳои азсаргирифтаи Артиши Исроил ба Ғазза ва атрофи он беш аз 300 нафар кушта шудаанд. Исроил мегӯяд, ба далели худдории ҲАМОС аз тамдиди марҳилаи аввали оташбас ҳамлаҳои худ ба Ғаззаро аз сар гирифтааст. ҲАМОС гуфт, Исроил созишномаро якҷониба қатъ кард.

Субҳи имрӯз, 18-уми март, Артиши Исроил ҳамлаҳои худ ба Ғазза ва атрофи онро аз сар гирифт. Исроил мегӯяд, далели ин ҳамла худдории гурӯҳи фаластинии ҲАМОС аз тамдиди марҳилаи аввали оташбас мебошад.

BBC навиштааст, ки дастури ҳамла ба Ғаззаро Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил содир кардаанд.

“Ал-Ҷазира” бо такя ба мақомҳои беҳдоштии Ғазза навишт, ки дар ин ҳамлаҳо то кунун 356 нафар кушта шудаанд, ки гуфта мешавад, дар миёни онҳо занону кӯдакон зиёданд.

Ҳамчунин, гузоришҳо аз захмиву бедарак шудани даҳҳо каси дигар нашр шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи фаластинии ҲАМОС эълон кардааст, ки Исроил ба таври якҷониба созишномаи оташбасро қатъ кард. Ин гурӯҳ аз мардуми саросари ҷаҳон хост, ба кӯчаву майдонҳо баромада, зидди азсаргирии ҷанги ба гуфтаи онҳо, “наслкушӣ алайҳи мардум дар Навори Ғазза” эътироз кунанд.

Кэролайн Левит, сухангӯи Кохи Сафед ба расонаҳо гуфтааст, ки Исроил қабл аз азсаргирии ҳамла ба Ғазза бо Амрико машварат кардааст.

Ёдрас мешавем, ки Исроил ва ҲАМОС пас аз 14 моҳи ҷанг тавофуқи оташбасро имзо карданд, ки аз 19 январи соли 2025 ба иҷро даромад ва 6 ҳафта давом кард. Ин тавофуқ бо миёнҷигарии Қатар, Миср ва Амрико ба даст омад ва бояд се марҳиларо дар бар мегирифт.

Дар марҳилаи якум ҲАМОС 33 гаравгони исроилӣ ва тайландӣ, инчунин, 8 ҷасади асиронро ба Исроил таҳвил дод. Дар ивази онҳо Исроил беш аз 1800 зиндонии фаслтиниро раҳо кард.

 Ду тараф дар рӯзҳои ахир дар мавриди идомаи оташбас ва иҷрои марҳалаи дувуми он музокира мекарданд, аммо ба тавофуқ нарасиданд. Дар рӯзҳои ахир Исроил роҳи кумакҳои башардӯстона ба Ғаззаро ҳам баста, барқи мардуми ин минтақаро қатъ карда буд.

Бояд гуфт, низоъ дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри соли 2023, баъди фишору ғасбкориҳои пайвастаи Исроил ба Фаластин ва бо ҳамлаи ҷангҷӯёни  гурӯҳи ҲАМОС ба Исроил оғоз шуд. Дар ҳамлаи худ ҲАМОС 1200 исроилиро кушт ва 250 касро гаравгон гирифт. Дар пайи ин артиши Исроил ба Ғазза ҳуҷум ва наворро бомбборон кард. Масъулини беҳдошти Ғазза мегӯянд, дар натиҷаи бомбборони Ғазза аз сӯйи Исроил беш аз 48 ҳазор кас кушта шудаанд. Аксар кушташудаҳо занон ва кӯдакон будаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.