Қосим Бекмуҳаммад: “Душанбеву Бишкек ҳалли мушкили марзиро бидуни дахолати ҷониби сеюм афзал донистанд ва ба муваффақият ноил шуданд”

Кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ Тоҷикистону Қирғизистонро ба муносибати имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик мегӯянд. Дар айни ҳол, коршиносони Осиёи Марказӣ зимни арзёбии ин рӯйдод, онро якдилона таърихӣ мехонанд. Рӯзноманигор ва шореҳи сиёсии тоҷик Қосим Бекмуҳаммад нақши иродаи сиёсии раҳбарияти ду кишварро дар дастёбӣ ба тавофуқи марзӣ, ки бидуни миёнравии кишварҳои сеюм муваффақ […]

Кишварҳо ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ Тоҷикистону Қирғизистонро ба муносибати имзои Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ табрик мегӯянд. Дар айни ҳол, коршиносони Осиёи Марказӣ зимни арзёбии ин рӯйдод, онро якдилона таърихӣ мехонанд.

Рӯзноманигор ва шореҳи сиёсии тоҷик Қосим Бекмуҳаммад нақши иродаи сиёсии раҳбарияти ду кишварро дар дастёбӣ ба тавофуқи марзӣ, ки бидуни миёнравии кишварҳои сеюм муваффақ ба хотима бахшидан ба баҳсу ихтилофоти тӯлонӣ шуданд, муҳим медонад.

Коршиноси тоҷик дар ин робита ба хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, баҳсҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистонро маҷмуе аз омилҳо печида карда буд ва ҳаллу фасли онҳо ба рӯйкарди мантиқие ниёз дошт, ки то ҳадди зиёде манфиатҳои ҳарду ҷонибро бароварда карда тавонад. Ин кор инчунин замон ва муҳимтар аз ҳама, иродаи сиёсиро тақозо мекард, ки хушбахтона, Душанбеву Бишкек дар ниҳоят онро ба намоиш гузоштанд.

Ӯ хотирнишон кард, ки қаблан, ҳангоми ҳалли ихтилофоти марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳеҷ гоҳе масъалаи зарурати миёнаравии тарафҳои сеюм матраҳ набудааст.

"Аммо дар мавриди муноқишаи марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, аз соли 2020 ба баъд борҳо миёнаравии тарафҳои сеюм пешниҳод шуд, аммо мавриди истиқболи Душанбеву Бишкек, ки ҳаллу фасли мушкилро фақат ба сурати дуҷониба афзалтар медонистанд, қарор нагирифт”, – зикр кард Қосим Бекмуҳаммад.

Ӯ зикр намуд, ки бо риояи ин асл ё принсип, ҳарду ҷониб тайи як соли охир дар раванди музокирот ба пешрафтҳои зиёде ноил шуданд ва дар ниҳоят тавонистанд ба баҳсҳои марзӣ хотима гузоранд. Бинобар ин, ба имзо расидани Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ва дигар санадҳои марбута ба таври возеҳу равшан иродаи сиёсӣ ва майлу хоҳиши раҳбарон ва мардуми ду кишварро ифода мекунад.

“Шоёни зикр аст, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз ибтидо пешниҳодҳои миёнравии ҷонибҳои сеюмро напазируфта, ба сурати истисноӣ ба музокироти дуҷониба тамаркуз дошт, ки дар ниҳоят зарфияти Тоҷикистону Қирғизистонро барои ҳалли тамоми баҳсҳо бо истифода аз усули сиёсиву дипломатӣ ба хубӣ нишон дода тавонист”, – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ин коршинос, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷонибдори ҳаллу фасли ҳарчи зудтари ихтилофоти марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон буданд ва онро дар таҳкими раванди ҳамгироии минтақавӣ унсури муҳими арзёбӣ мекарданд.

“Дар ин миён бархе аз коршиносон бо нодида гирифтани талошҳои азими Тоҷикистону Қирғизистон дар раванди музокирот, ба тарзи комилан ғайриҳирфаӣ ва муғризона саъй мекунанд натиҷаҳои ба дастомадаро асосан ба нақши ҷониби сеюм рабт диҳанд ва ба ин васила тавоноии Душанбеву Бишкекро барои даст ёфтан ба созиши мутақобил мавриди шакку шубҳа қарор диҳанд. Аммо акнун ин гуна найрангу тарфандҳо яқинан натиҷа нахоҳанд дод ва таъсире бар фазои мавҷуди равобити миёни Тоҷикистону Қирғизистон низ нахоҳад гузошт”, – хулоса кард коршинос.

Шоёни зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Садир Жапаров, раисони ҷумҳури Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 13 март дар Бишкек Шартнома дар бораи марзи давлатиро имзо карданд. Ба дунболи он, ду гузаргоҳи марзӣ боз ва рафтуомади ҳавоии миёни ду кишвар низ аз сар гирифта шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “насли ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гутфугӯ паҳн шуд, ба суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.