Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия

Русия эълон кард, ки муҳлати қонунугардонии будубоши шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар қаламрави ин кишвар то моҳи сентябри соли ҷорӣ дароз карда мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад. Бо ташаббуси Қирғизистон рӯзи 21 апрел сафири ин кишвар дар Русия Кубанчибек Боконтаев бо сардори Раёсати президенти Русия оид ба робитаҳои байниминатқавӣ ва фарҳангӣ […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Русия эълон кард, ки муҳлати қонунугардонии будубоши шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар қаламрави ин кишвар то моҳи сентябри соли ҷорӣ дароз карда мешавад. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.

Бо ташаббуси Қирғизистон рӯзи 21 апрел сафири ин кишвар дар Русия Кубанчибек Боконтаев бо сардори Раёсати президенти Русия оид ба робитаҳои байниминатқавӣ ва фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷӣ Игор Маслов дидору гуфтушунид кард.

“Зимни вохӯрӣ бо ҷониби Русия то 10 сентябри соли 2025 тамдид шудани муҳлати амали амри президенти Русия, ки ба танзими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷии ғайриқонунӣ дар Русия ҳузурдошта, аз ҷумла шаҳрвандони Қирғизистон имкон медиҳад, эълон шуд”, – хабар додаанд дар ВКХ Қирғизистон.

Дар доираи мулоқот ҳамчунин масоили будубоши шаҳрвандони Қирғизистон дар Русия, аз ҷумла вазъи марбут ба қазия бо муҳоҷирони қирғиз дар маҷмааи ҳаммоми “Бодрость” дар Маскав баррасӣ шудааст.

Он вақт дар ҷараёни рейд бо истифода аз зӯроварӣ 58 шаҳрванди хориҷӣ, ки 25 нафарашон ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур доштанд, бераҳмона боздошт шуданд. Тиқи маълумоти ВКХ Русия, бархе аз боздоштшудагон ба робита бо гурӯҳҳои тундгаро (радикалӣ) гумонбар дониста мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан муҳоҷирон бояд то 30 апрели соли равон ҳузури худро дар қаламрави Русия қонунӣ мекарданд. Дар акси ҳол, онҳо ба рӯйхати шахсони таҳти назорат дохил шуда, мебоист фавран қаламрави кишварро тарк мекарданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.