Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис

Мақомот ду нафар сокини ноҳияи Вахшро, ки падару писар будаанд барои муноқиша ва мухолифат кардан бо кормандони пулис боздошт кардааст. Муноқиша дар сари заминҳои фурӯхташуда сар задааст, ки чанд муддат баҳси он идома доштааст.  Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон навиштааст, ки Эраҷ Ятимов бо ҳамроҳи падараш Раҳим Сафаров ба замини нуқтаи таъмир ва шустушӯи мошинҳо, […]

Мақомот ду нафар сокини ноҳияи Вахшро, ки падару писар будаанд барои муноқиша ва мухолифат кардан бо кормандони пулис боздошт кардааст. Муноқиша дар сари заминҳои фурӯхташуда сар задааст, ки чанд муддат баҳси он идома доштааст. 

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон навиштааст, ки Эраҷ Ятимов бо ҳамроҳи падараш Раҳим Сафаров ба замини нуқтаи таъмир ва шустушӯи мошинҳо, ки ба шаҳрванд Муҳамадӣ Толибов тааллуқ доштааст рафта бо кормандони нуқтаи фурӯши сузишворӣ, ҷанҷол кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки муноқиша сари баҳси заминҳое будааст, ки қаблан Сафаров ба Толибов фурӯхтааст ва баҳси он муддатҳост, ки идома доштааст.

Дар хабари расмӣ омадааст, ки Эраҷ Ятимов дар айни муноқиша “аз баданаш предмети ба силоҳи оташфишон монандро бароварда, таҳдиди паррондан кардааст”.

“Гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи милитсия ба ҷои ҳодиса ҳозир гардиданд. Аммо, падару писар ба кормандони милитсия зуроварӣ ва муқобилият нишон дода, бо кирдорҳои авбошонаашон оромии ҷамъиятӣ ва атрофиёнро дар муддати 55 дақиқа дағалона вайрон намуда, нагузоштаанд, ки кормандони милитсия вазифаи хизматии худро иҷро намоянд”, – навиштааст Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон.

Ба гуфтаи манбаъ, гумонбарон аз ҷониби гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ боздошт шудаанд.

Мақомот гуфтаанд, зимни кофтуков аз иншооти боздоштшудаҳо “предмети ба сифати силоҳи сард истифодашаванда, чубдаст (бита) ва ниқоб, таппончаҳои гуногун ва норинҷаки таълимӣ дарёфту мусодира карда шуданд”.

Мақомот нисбати Эраҷ Ятимов барои қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк (моддаи 255 қисми 1), авбошӣ (моддаи 237 қисми 2 бандҳои б, в) ва нисбати Раҳим Сафаров барои авбошӣ (моддаи 237 қисми 2 бандҳои б, в) Кодекси ҷиноятӣ парванда боз кардаанд. 

Мақомот мегӯянд, Эраҷ Ятимов қаблан 3 маротиба барои истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият (моддаи 328), авбошӣ (моддаи 237) ва падараш Раҳим Сафаров барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор (моддаи 200 қисми 3) ҳабс шуда буданд.

Гуфта шудааст, ки ҳарду гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта тафтишот идома дорад.

Назари худи боздоштшудаҳо ва шоҳидони ҳодиса дар робита ба ин қазия маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.