Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” бидуни эълони ғолибон ҷамъбаст шуд

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – "Наврӯз", ки як ҳафтаи охир дар Душанбе баргузор гардид, шоми дирӯз, 6-уми май бидуни эълони ғолибон ҷамъбаст шуд. Чорабинӣ бо ҳузури садҳо меҳмону ҳаводори санъат, ҳунармандон, драмматургон ва коргардонҳо дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар оғоз, аз раванди омодагӣ ва баргузории ҷашнвора филми кӯтоҳе […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – "Наврӯз", ки як ҳафтаи охир дар Душанбе баргузор гардид, шоми дирӯз, 6-уми май бидуни эълони ғолибон ҷамъбаст шуд. Чорабинӣ бо ҳузури садҳо меҳмону ҳаводори санъат, ҳунармандон, драмматургон ва коргардонҳо дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Дар оғоз, аз раванди омодагӣ ва баргузории ҷашнвора филми кӯтоҳе манзури ҳозирин гардонида шуд.

Пас аз ин, чорабинӣ ба таври “ширу шакар” идома ёфт: сарояндагони тоҷик бо забонҳои гуногун тарона мехонданд ва дар байн порчае аз намоишҳое, ки дар ҷашнвора ба саҳна гузошта шуда буданд, намоиш дода шуд.

Ҳозирин саҳначаи аз ҷониби ҳунарманди эронӣ таҳияшударо, ки бадоҳатан мегуфт, ҳамасола Эронро ба ҷашнвораи “Наврӯз” даъват кунед, бо кафкӯбӣ истиқбол карданд.

Дар анҷом, Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба ҳама театрҳои ширкарварзида сипоснома ва рамзи ҷашнвораро тақдим кард.

Ҳарчанд гуфта мешуд, ки солҳои қаблӣ (1990-2011) ин ҷашнвора бо эълони ғолибон ва ҷойҳои ифтихорӣ ҷамъбаст мешуд, вале имсол он бидуни рақобат ва касби ҷойҳо гузашт.

Ёдовар мешавем, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ – “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 баргузор мегардид ва пас аз ин барои як муддат доир нашуд.

Ҳамин тариқ, имсол ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ 1-уми май оғоз шуда, то 6-уми май идома кард.

Дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат карданд. Аммо театри Озарбойҷон, ки қаблан гуфта мешуд намоиши “Ҷанг”-ро ба фестивали “Наврӯз” меорад, ба Душанбе наомад.

Шоми 2-юми май маросими расмии оғози ҷашнвора дар Театри опера ва балет баргузор шуд ва ин театр нахустин намоишномаи фестивалро рӯйи саҳна оварданд. Баъдан рӯзҳои 3-юм ва 4-уми май театрҳои Эрону Русия ва Арманистон намоишҳои худро ба саҳна гузоштанд.

Рӯзи 5-уми май театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон намоишҳои “Баҳодури рӯйинтан” ва “Гарнири фаронсавӣ”-ро дар Душанбе манзури тамошобинон карданд.

Субҳи дирӯз Театри Лоҳутӣ намоиши “Достони Сиёвуш”-ро, ки дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту – 2025” соҳиби Шоҳҷоиза шуда буд, дар доираи фестивали “Наврӯз” ба саҳна гузошт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио