Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта

Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар имрӯз, 23-юми май, дар 85-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар ин бора аз Театри намунавии миниётураи “Оина” ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Манбаъ гуфт, Саидмурод Мардонов пеш аз нисфирӯзии имрӯз дар хонааш дар Душанбе аз олам чашм пӯшидааст. Сабаби марги ӯ маълум нест. Ҷаноза соати 18:00 имрӯз дар […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар имрӯз, 23-юми май, дар 85-солагӣ дунёро падруд гуфт. Дар ин бора аз Театри намунавии миниётураи “Оина” ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Манбаъ гуфт, Саидмурод Мардонов пеш аз нисфирӯзии имрӯз дар хонааш дар Душанбе аз олам чашм пӯшидааст. Сабаби марги ӯ маълум нест.

Ҷаноза соати 18:00 имрӯз дар зодгоҳаш, деҳаи Дурбати шаҳри Ҳисор баргузор шуда, ҷасади ӯ дар канори падару модараш ба хок месупоранд.

Саидмурод Мардонов унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дошт ва мебоист, ки дар оромгоҳи аҳли адабу ҳунар – Лучоб дафн мешуд, вале ҳамсӯҳбати мо гуфт, “васият кардааст, ки дар канори падару модараш ба хок супоранд”.

Саидмурод Мардонов 5-уми январи соли 1940 да ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна, аз соли 1959 то 1964 дар факултети ҳунармандии Донишкадаи театрӣ ва рассомии ба номи Островскии шаҳри Тошканд таҳсил кардааст.

Баъди хатми мактаби олӣ солҳои 1964 – 1966 дар Театри мусиқавӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд фаъолият намуд. Аз соли 1966 то соли 1991 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунарофарӣ кард.

Аз соли 1991 то ба имрӯз ҳунарпешаи Театри намунавии миниётураи “Оина” буд.

Саидмурод Мардонов дар зиёда аз 100 намоиши театрӣ ва дар 150 намоиши телевизионӣ нақш офаридааст. Ӯ яке аз ҳаҷвнигорони шинохта ба ҳисоб мерафт ва аксаран бо Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин ҳаҷвнигори тоҷик, нақшофарӣ мекард.

Маъруфтарин нақшҳои Саидмурод Мардонов – Сганарел («Табиби зӯракӣ»-и Ж. Б. Молйер), Нуруллобой («Дарди бадро давои бад»-и Х. Хоҷаниёзов), Саид («Дуртар аз сарҳад»-и М. Миршакар), Холназарота («Дил дили Зайнаб»-и Ш. Қиёмов ва А. Марозов), Ҳалимамак («Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ), Муҳаммад («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Юсуфпиён («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Урунбой («Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад), Абдураҳим («Ҳасудхӯр»-и У. Раҷабов) аст.

Марҳум филмҳои телевизионии «Як тиру ду нишон», «Зумрад», «Шикори охирин», «Санам», «Номзад», «Марги бегуноҳ» ва чанде дигар ҳам нақш офаридааст.

Соли 1998 бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардидааст.

Ҳайати кормандони гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор дошта, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.