Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд

Дар пайи сарозер шудани як мошин бо ронанда ва 6 мусофир ба дарёи Панҷ, 5 сафаркунанда ғарқ шудаанд. Ронанда ва як мусофири дигар то чапа шудани мошин, худро аз он ба берун партофта, наҷот ёфтаанд. Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса бегоҳии 20-уми май дар  километри 417-и шоҳроҳи “Қулма-Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб” дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз  рух додааст. […]

Дар пайи сарозер шудани як мошин бо ронанда ва 6 мусофир ба дарёи Панҷ, 5 сафаркунанда ғарқ шудаанд. Ронанда ва як мусофири дигар то чапа шудани мошин, худро аз он ба берун партофта, наҷот ёфтаанд.

Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки ин ҳодиса бегоҳии 20-уми май дар  километри 417-и шоҳроҳи “Қулма-Хоруғ-Дарвоз-Кӯлоб” дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз  рух додааст.

Ба гуфтаи мақомот, Ҳаким Гулзоров, ронандаи мошини “Тойота Ландкрузер” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, "ба тарафи чапи роҳ ҳаракат карда ба дарёи Панҷ чаппа шудааст".

Ба иттилои манбаъ ронанда ва як мусофири дигар худро аз мошин ба берун партофта наҷот ёфтаанд. Ҳарду дар беморхона қарор доранд. Дар бораи вазъи саломатии онҳо маълумот дода нашудааст.

Панҷ мусофири дигар дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд ва то ҳол ҷасади онҳо ёфт нашудааст. Дар миёни ғарқшудагон се ноболиғони 1, 9 ва 10 сола низ ҳастанд.

Мақомот гуфтаанд, ки Ашула Почоева, зани 54-сола ҳамроҳи набераи яксолааш Муиз Маҷнунов, Мадина Афзалхонова зани 33-сола ҳамроҳи писараш Нуралишо Айналишоеви 10-сола ва Акрам Саркорови 9-сола ғарқ шудаанд.

Ба навиштаи манбаъ ҷустуҷуи ҷасадҳо  идома дорад. 

Мақомот гуфтаанд, ки ронанда ва мусофирон сокинони Хоруғ будаанд, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштаанд.

Дар як ҳафтаи охир ин дуввумин ҳодисаи сарозер шудани мошин ба дарёи Панҷ аст. Рӯзи 17-уми май як мошини боркаш ба дарёи Панҷ афтода, ронандааш, ки гуфта мешуд сокини шаҳри Душанбе аст, ба ҳалокат расид.  Ӯ соҳиби ду фарзанд будааст.

Гуфта мешуд, ки талоши наҷотдиҳандагон барои ёфтани мошин ва ронандаи он бенатиҷа будааст. Мақомот то имрӯз аз ёфт шудани ҷасади ин ронанда хабар надодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.