Дар Тоҷикистон духтарони то 14-соларо бар зидди вируси папиллома ройгон эм мекунанд

Шурӯъ аз моҳи октябри имсол духтарони синни 10-14 солаи кишварро бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) эм мекунанд. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 24-уми июли соли 2025 ба тасвиб расида, комиссияи ҷумҳуриявӣ зери роҳбарии муовини сарвазири кишвар таъсис ёфтааст. Тибқи қарори ҳукумат, давраи эмкунии духтарони аз 10 то 14-сола дар марҳилаи аввал танҳо як […]

Шаҳноз Ализод, Asia-Plus

Шурӯъ аз моҳи октябри имсол духтарони синни 10-14 солаи кишварро бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) эм мекунанд. Дар ин бора қарори ҳукумати кишвар аз 24-уми июли соли 2025 ба тасвиб расида, комиссияи ҷумҳуриявӣ зери роҳбарии муовини сарвазири кишвар таъсис ёфтааст.

Тибқи қарори ҳукумат, давраи эмкунии духтарони аз 10 то 14-сола дар марҳилаи аввал танҳо як моҳ идома мекунад. Вале, эмкунии духтарони 10-сола ба таври доимӣ ҳамчун қисми мунтазами барномаи саломатӣ минбаъд низ анҷом дода мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муаззаф гардидааст, ки ваксинаи зидди вируси папилломаи одамро сари вақт ба муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо дастрас кунад.

Ин ниҳод уҳдадор шудааст, ки баъди анҷоми чорабинии эмкунии оммавӣ дар давоми 15 рӯз натиҷаи онро ба ҳукумат пешниҳод кунад.

Аз вазорати тандурустӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки эмкунӣ ройгон дар мактабҳои миёна ва муасссаҳои тиббии маҳалли зисти аҳолӣ гузаронида мешавад.

Инчунин, тибқи қарори ҳукумат Вазорати маориф ва илми кишвар вазифадор гардидааст, ки дар мактабҳо ҷиҳати эм кардани духтарон бар зидди бемории папилломаи одам, ҳуҷраҳои алоҳида ташкил кунад.

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди ҳукумати Тоҷикистон низ бояд аҳамияти эмкунӣ бар зидди ин вирусро байни аҳолӣ фаҳмонанд.

Ҳамзамон ҳукуматҳои вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ уҳдадор шудаанд, ки аз ҳисоби ташкилотҳои зертобеъ воситаи нақлиёт ҷудо карда бо сӯзишворӣ, таъмин кунанд.

Вируси папилломаи одам бемории вирусии ҷиддие аст, ки боиси пайдоиши захмҳо дар пӯст, узвҳои таносулӣ ва гарданаки бачадон мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.