Қирғизистон ба гузоштани симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон оғоз кардааст

Ҷониби Қирғизистон ба корҳои насби симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон оғоз кард. Корҳо дар қитъаи ағбаи "Коҷо Тари", наздикии деҳаи Оқ-Сой дар ноҳияи Ботканд ва мавзеи "Катта-Туз" дар ноҳияи Лайлак ҷараён доранд, хабар медиҳад "Еconomist.kg" бо истинод ба намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд. Ба иттилои ин ниҳод, дар ин қитъаҳо дар […]

Asia-Plus

Ҷониби Қирғизистон ба корҳои насби симхор дар қитъаҳои баҳсноки сарҳад бо Тоҷикистон оғоз кард. Корҳо дар қитъаи ағбаи "Коҷо Тари", наздикии деҳаи Оқ-Сой дар ноҳияи Ботканд ва мавзеи "Катта-Туз" дар ноҳияи Лайлак ҷараён доранд, хабар медиҳад "Еconomist.kg" бо истинод ба намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд.

Ба иттилои ин ниҳод, дар ин қитъаҳо дар масофаи 74 км чуқурӣ кофта шуда, дар масофаи 68 км қубурҳои филизӣ (металлӣ) ва дар 62 км ноқилҳо кашида шудаанд. Ҳамчунин ба дарозии ҳудуди 90 км роҳҳои саҳроӣ сохта шуда, корҳои гузоштани симхор ва дигар навъи панҷараҳо оғоз гардидааст.

Гуфта мешавад, ба ин корҳо хидматчиёни ҳарбии Хадамоти сарҳадбонии КДАМ, Вазорати мудофиа, Қушӯнҳои дохилии ВКД, полки махсуси “Шумқор”-и ВКД ва кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Ботканд сафарбар шудаанд.

“Дар маҳаллаҳои аҳолинишини ҷойи насби панҷараҳо бо сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон ҳудуд аз дарахту буттаҳо тоза карда мешавад. Сокинони маҳаллӣ аз тадбирҳои марбут ба танзими сарҳад ҷонибдорӣ ва ҳатто нисбат ба корҳои наздик ба хонаҳояшон хуб муносибат мекунанд”,- – гуфтааст Ойбек Шаменов, намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд.

Қобили зикр аст, ки Қирғизистон ба корҳои аломатгузорӣ дар сарҳад бо Тоҷикистон моҳи апрел дар вилояти Ботканд аз нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон оғоз намуд. Барои таъмини кори марзбонон шаҳраки саҳроӣ бунёд шуда, барои корҳои муҳандисӣ техникаи махсус сафарбар шудааст.

Созишнома дар бораи сарҳад, ки 13 март дар Бишкек ба имзо расид, ба ҷараёни таъйину аломатгузории сарҳад байни Тоҷикистонва Қирғизистон хотима бахшид. Аз 1006 км сарҳади умумӣ ҷонибҳо сари муайян кардани 486 км қаламрави баҳснок ба мувофиқа расиданд.

Ҷониби Тоҷикистон дар бораи оғози корҳои маҳкамкунии сарҳади худ бо Қирғизистон ҳоло хабар надодааст.

Рӯзи 31 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардида, дар он Шартнома миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.