Панҷакент “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф шуд

Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ (World Crafts Council) рӯзи 21-уми октябр шаҳри Панҷакентро расман ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф кардааст. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад. Ин Шӯро ба […]

Asia-Plus

Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ (World Crafts Council) рӯзи 21-уми октябр шаҳри Панҷакентро расман ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф кардааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад. Ин Шӯро ба шаҳрҳое, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ”-ро медиҳад.

Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ унвони "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳо"-ро ба шаҳрҳое медиҳад, ки анъанаҳои ҳунармандии худро ҳифз ва фаъолона таблиғ мекунанд.

Сӯзанӣ ин гулдӯзии дастӣ аст, ки асосан дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон маъмул аст.

Зикр кардан зарур аст, ки дигар унсурҳои ҳунармандии тоҷикон, аз қабили атласу адрасу чакан низ қаблан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.