Хироҷи консулӣ барои баъзе хадамот гарон шуд. Барои кадом намуди хизматрасонӣ ва чӣ қадар?

Пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирии дархостҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё радди он барои шаҳрвандони хориҷӣ гарон шуд. Тибқи қарори ҳукумати кишвар, ки моҳи сентябри имсол имзо шуд, хироҷи консулӣ ҳамчунин барои бархе хидматрасонӣ зиёд шудааст. Бар асоси қарори нави ҳукумат, акнун хориҷиён барои гузоштани илтимоснома барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё бекор кардани […]

Пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирии дархостҳо ҷиҳати гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё радди он барои шаҳрвандони хориҷӣ гарон шуд. Тибқи қарори ҳукумати кишвар, ки моҳи сентябри имсол имзо шуд, хироҷи консулӣ ҳамчунин барои бархе хидматрасонӣ зиёд шудааст.

Бар асоси қарори нави ҳукумат, акнун хориҷиён барои гузоштани илтимоснома барои гирифтани шаҳрвандии Тоҷикистон ва ё бекор кардани он бояд 200 доллар (1850 сомонӣ бо қурби 22-юми октябр) пардохт кунанд. Қаблан барои ин хидматрасонӣ 50 доллар (тақрибан 462 сомонӣ) ситонида мешуд.

Ҳамчунин шаҳрвандони хориҷӣ барои гузоштани илтимоснома барои барқарор намудани шаҳрвандии Тоҷикистон, ки қаблан 20 доллар (тақрибан 185 сомонӣ) месупориданд, акнун 200 доллар бояд пардохт кунанд.

Ҳамчунин барои ноболиғони то 16-сола, ки шаҳрванди хориҷӣ ва ё мақоми бешаҳрвандӣ доштанд, барои додани раводиди Тоҷикистон новобаста  аз муҳлат ва каратнокӣ 30 доллар (277 сомонӣ) ситонида мешавад, ки қаблан 10 доллар (тақрибан 92 сомонӣ) буд.

Ҳамчунин арзиши гирифтани раводид барои донишҷӯёне, ки дар Тоҷикистон таҳсил менамоянд, инчунин аспирантҳо, докторантҳо ва дигар шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо муассисаҳои таҳсилотӣ ва илмии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, 100 доллар (тақрибан 925 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Дар баргаҳои мо бубинед, ки хироҷи консулӣ барои кадом хадамот зиёд шуд ва қаблан чӣ қадар ситонида мешуд.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.