Медали нуқраи намояндаи Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии машшотагӣ дар Русия

Сабрина Бобоева, машшота (ороишгари ҳусн) аз Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии ҳунари машшотагӣ, ки аз 20 то 23-юми ноябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, сазовори ҷои дуввум ва соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 3 ҳазор нафар аз 45 кишвар ширкат карданд. Ӯ дар ин мусобиқа маҳорати баланди ҳунармандӣ нишон дода, дар муқоис аба дигар […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сабрина Бобоева, машшота (ороишгари ҳусн) аз Тоҷикистон дар мусобиқоти байналмилалии ҳунари машшотагӣ, ки аз 20 то 23-юми ноябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, сазовори ҷои дуввум ва соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин мусобиқа зиёда аз 3 ҳазор нафар аз 45 кишвар ширкат карданд.

Ӯ дар ин мусобиқа маҳорати баланди ҳунармандӣ нишон дода, дар муқоис аба дигар иштирокчиён малакаи хубтар нишон додааст.

“Барои ман ин рӯйдоди хеле муҳим буда, ифтихор дорам, ки Тоҷикистонро дар чунин сатҳи баланд муаррифӣ кардам. Медали нуқра дар сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо пирӯзист, ҳамчунин, дастовард барои кишвар ҳам ҳаст. Ин пирӯзиҳо тасодуфӣ нестанд,  натиҷаи эътимод, азми қавӣ ва муҳаббат ба касби худ мебошанд”, -навиштааст Сабрина Бобоева дар саҳифаи худ "Instagram".

Номбурда мутмаин аст, ки чунин дастовардҳо ба дигарон рӯҳу илҳом бахшида, барои машшоттаҳо аз Тоҷикистон уфуқҳо нав боз мекунанд.  

 

Аз Панҷакент ба Сочи. Таърихи комёбии Сабрина Бобоева

Сабрина Бобоева дар шаҳри Панҷакент ба дунё омадаву ба воя расидааст. Вақте ки ӯ 27-сола буд, аллакай худро ҳамчун як машшотаи бомаҳорати дорои таҷрибаи байнулмилалӣ муаррифӣ кард.

Дар тӯли панҷ соли кор, ӯ аз як ҳунарманди ҷавон то ба як устоди сатҳи байнулмилалӣ ва академики ҳунари машшотагӣ расид.

Роҳнамо ва идеали ӯ Георгий Кот мебошад, ки нерӯ ва истеъдоди ӯ Сабринаро ҳамеша барои беҳтар гардидан ва расидан ба қуллаҳои нав ташвиқ мекард.

Ӯ аз корҳои ситораҳои ҷаҳонии ҳунари машшотагӣ илҳом гирифта, орзу мекард, ки беҳтарин дар ҷаҳон шуда, парчами Тоҷикистонро парафшон созад ва Академияи ҳунари машшотагиро дар кишвараш таъсис диҳад.

“Орзу дорам, ки устодони ин ҳунар аз тамоми ҷаҳон ба Тоҷикистон омада, на танҳо малакаҳои худро беҳтар кунанд, балки бо фарҳанг, табиат ва самимияти мардуми мо аз наздик шинос шаванд”, – гуфт ӯ зимни суҳбат бо "Азия-Плюс".

 

Орзуи Сабрина Бобоева

Яке аз орзуҳои Сабрина Бобоева иштирок дар Бозиҳои олимпӣ оид ба ҳунари машшотагӣ дар соли 2027 мебошад. Ӯ ният дорад, ки ҳунари машшотагии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ ва сатҳи баланди касбиятро нишон диҳад.

Ӯ орзу дорад, ки мураббӣ шуда, тими мунтахаби пурқувати Тоҷикистонро омода созад ва ба машшотагони оянда барои ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас рӯҳу илҳом бахшад.

Вай бовар дорад, ки дастовардҳои ӯ танҳо оғози роҳи бузург аст. Роҳе, ки ӯ тай кард, пур аз заҳмату илҳом ва фидокорӣ тай кард.

Сабрина Бобоева моҳи марти соли 2025 дар мусобиқоти ҳунари машшотагӣ дар Ӯзбекистон ҷои якумро касб кард ва ва Шоҳҷоиза гирифт. Ҳамчунин, дар Академияи Георгий Кот, устоде, ки саҳмаш дар ҳунари машшотагӣ беназир аст, мақоми аввалро касб кард.

“Ин дастовардҳо қадамҳои муҳим дар касби ман буда, бовар дорам, ки оянда маро пирӯзиҳои бештаре аз ин интизоранд”, – мегӯяд Сабрина.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.