Ҷӯрабек Муродов: “То 90-солагиям дар саҳна мемонам!”

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз пояҳои мусиқии суннатии тоҷик ду рӯз пеш, 24-уми декабр, 83-юмин солгарди умрашро бо мухлисони ду асраш дар Душанбе таҷлил кард. Рӯзноманигори “Азия-Плюс” аз ин шаби эҷодӣ гузориш омода кард. 63-юмин шаби эҷодии ин овозхони шӯҳратёр бо суруди рамзии “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” оғоз гардид ва дар ин […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва яке аз пояҳои мусиқии суннатии тоҷик ду рӯз пеш, 24-уми декабр, 83-юмин солгарди умрашро бо мухлисони ду асраш дар Душанбе таҷлил кард. Рӯзноманигори “Азия-Плюс” аз ин шаби эҷодӣ гузориш омода кард.

63-юмин шаби эҷодии ин овозхони шӯҳратёр бо суруди рамзии “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” оғоз гардид ва дар ин корсерт аз устод Рӯдакӣ то Лоиқ Шералӣ даҳҳо таронаи дигар садо доданд.

Шоми натанҳо суруд, шоми хотира ҳам буд. Ҷӯрабек Муродов дар оғози консерт ба ёди Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки дар Русия кушта шуд, лаҳзаи сукут эълон кард.

Ин устоди санъат силсилаи сурудҳоро бар ашъори Сино, Носири Хусрав ва Мавлоно идома дод, ки толорро ба дунёи ҳикмат бурд. Ба вижа, суруди “Эй дӯст” ҳаводоронашро ба ваҷд овард.

Биёед якҷоя шаби эҷодии Ҷӯрабек Муродовро бубинем.

 

Ҷӯрабек Муродов, 24-уми декабри соли 1942 дар деҳаи Куруди ноҳияи Айнӣ ба дунё омада, аз аввали соҳои 1960-ум ба саҳнаи бузурги санъат ворид шуд.

Ӯ аз маъруфтарин сарояндагони тоҷик шинохта шуда, дар санъати миллӣ саҳми шоён гузоштааст. Ин ҳунарвар бо суруду наво, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти эҷодиаш беш аз 2 ҳазор суруд иҷро кардааст, ки беш аз 500-тояш оҳангҳои худи ӯянд. Унвонҳои Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро дорад.

Пиромуни эҷоду ҳунари ӯ дар мусоҳибаи "Ҷӯрабек Муродов: Ҳунарманд бояд ба сиёсат ворид нашавад" мутолиа кунед, ки бахшида ба 80-солагиаш ороста шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио