ВКХ Тоҷикистон изҳороти рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро рад кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороти хоса гуфтаҳои рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро дар робита ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон ва ишитроки онҳо дар ҷангҳои Украина, рад кард. "Мо суханони блогнависи укроинӣ Дмитрий Гордонро, ки рӯзи 28-уми октябри соли 2022 дар ҷараёни барномаи онлайнии "Дар меҳмонии Гордон" дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри изҳороти хоса гуфтаҳои рӯзноманигори украинӣ Дмитрий Гордонро дар робита ба истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишин дар Тоҷикистон ва ишитроки онҳо дар ҷангҳои Украина, рад кард.

"Мо суханони блогнависи укроинӣ Дмитрий Гордонро, ки рӯзи 28-уми октябри соли 2022 дар ҷараёни барномаи онлайнии "Дар меҳмонии Гордон" дар бораи тавлиди ҳавопаймоҳои бесарнишини эронӣ дар Тоҷикистон, ки гӯё дар "куштори укроиниҳо" даст доранд, рад мекунем”, – гуфт ВКХ-и Тоҷикистон.

Дар изҳороти ин ниҳод гуфта мешавад, ки Тоҷикистон ба кишварҳои сеюм таҷҳизоти низомӣ содирот намекунад.

“Ба Гордон тавсия медиҳем, ки минбаъд низ ба чунин назарҳо бодиққат муносибат кунад ва дурустии иттилооти паҳншударо тафтиш кунад”, – гуфт ВКХ-и Тоҷикистон.

Ҳамчунин, таъкид мегардад, ки “ҷониби Тоҷикистон дар ин бора аз Киеви расмӣ ҳеҷ дархосте дарёфт накардааст".

Ёдовар мешавем, ки Дмитрий Гордон қаблан дар барномаи худ гуфта буд, ки Русия ҳавопаймоҳои бесарнишини эронии сохти Ӯзбекистонро дар ҷанг бар зидди Украина истифода мебарад. Баъд аз вокуниши ВКХ-и Ӯзбекистон ва ҷомеи ин кишвар Гордон маъзаратхоҳӣ карда гуфт, ки ӯ ба ҷойи Тоҷикистон саҳван Ӯзбекистон гуфтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.