Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Корея барқияи изҳори тасаллӣ фиристод

Дирӯз, 30-юми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Юн Сок Ёл, Президенти Корея дар робита ба қурбониёни издиҳоми шадиди таҷлилкунандагони Ҳэллоуин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд. "Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари сар задани издиҳоми шадид дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Сеул боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар […]

Дирӯз, 30-юми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба Юн Сок Ёл, Президенти Корея дар робита ба қурбониёни издиҳоми шадиди таҷлилкунандагони Ҳэллоуин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

"Хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва осеб дидани шумораи зиёди мардум бар асари сар задани издиҳоми шадид дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Сеул боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар робита ба ин мусибати гарон ба Шумо, мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея ва  пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву таслияти самимии ин ҷонибро иброз менамоем ва ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем",- гуфта мешавад дар барқия.

Ёдовар мешавем, ки як издиҳоми бузурги одамон мехостанд Ҳэллоуинро ҷашн бигиранд, ки дар натиҷаи ин издиҳом ба гузориши расонаҳо 151 нафар кушта ва беш аз 150 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои расонаҳо дар миёни кушташудагон 19 шаҳрванди хориҷӣ низ ҳастанд. Инҳо шаҳрвандони Русия, Чин, Норвегия ва Узбекистон мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.