Аз 1 то 10-уми ноябр. Рӯзҳои таътил барои хонандагони мактабҳо дақиқ шуд

Дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон тағйирот дар назар нест – хонандагон мисли пештара аз 1 ноябр то 10 ноябр истироҳат мекунанд. Дар ин бора Асомиддин Бобозода, сардори шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  ба «Азия-Плюс» хабар дод. "Таътили донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ аз 1-уми ноябр оғоз шуда, то 10-уми ноябр […]

Дар рӯзҳои таътили тирамоҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон тағйирот дар назар нест – хонандагон мисли пештара аз 1 ноябр то 10 ноябр истироҳат мекунанд.

Дар ин бора Асомиддин Бобозода, сардори шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Раёсати маорифи шаҳри Душанбе  ба «Азия-Плюс» хабар дод.

"Таътили донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ аз 1-уми ноябр оғоз шуда, то 10-уми ноябр идома меёбад. Дарси тамоми донишҷӯён дар семоҳаи дуюм, аз 11-уми ноябр оғоз мешавад", – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи манбаъ, хабаре, ки қаблан нашршуда дар хусуси идомаи таътили хонандагон аз 1-ум то 7-уми ноябр, асос надорад.

«Ин эълон аз ҷониби шахсони номаълум паҳн шудааст, эътимоднок нест. Аз ин рӯ, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе бори дигар хабар медиҳад, ки дар таътили тирамоҳӣ тағйироте вуҷуд надорад», – гуфт Бобозода.

Ӯ нагуфт ки ин таблиғи беасосро кӣ паҳн кардааст ва оё дар робита ба ин таблиғ таҳқиқот сурат мегирад ё не.

Бобозода танҳо зикр кард, ки рӯзи душанбеи 31-уми октябр омӯзгорон бори дигар аз оғозу анҷоми таътили тирамоҳӣ дар мактабҳо хабар хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, хабари беасос, зоҳиран, аллакай ба мактабҳо расидааст, зеро ба гуфтаи хонандагони мо, бархе аз муассисаҳои таълимии пойтахт аллакай эълон кардаанд, ки таътил то 7 ноябр аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.