Аз некон боғ мемонад… Ёде аз меъмори ҳирфаии тоҷик

Вақте мо – ҳамсинфон, рафиқон, ҳамкорон Бобоҷон мегӯем, инсони хоксор, ҳалим, донишманд ва мушовири беғараз пеши чашм ва ёдамон меояд. Бобоҷон Дадохонович Олимов 27 октябри соли 1952 дар оилаи муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистони советӣ Дадохон Олимов ба дунё омадааст. Мактаби миёнаи №25, ҳоло ба номи А.Маниёзови шаҳри Конибодомро бо баҳои аъло хатм карда, ба Донишгоҳи политехникии […]

Вақте мо – ҳамсинфон, рафиқон, ҳамкорон Бобоҷон мегӯем, инсони хоксор, ҳалим, донишманд ва мушовири беғараз пеши чашм ва ёдамон меояд.

Бобоҷон Дадохонович Олимов 27 октябри соли 1952 дар оилаи муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистони советӣ Дадохон Олимов ба дунё омадааст.

Мактаби миёнаи №25, ҳоло ба номи А.Маниёзови шаҳри Конибодомро бо баҳои аъло хатм карда, ба Донишгоҳи политехникии Тоҷикистон бомуваффақият дохил мешавад. Дар донишгоҳ низ аълохон буд, ки натиҷаи он бо ҷоизаи хос қадрдонӣ шудани кори дипломии ӯ гардид.

Шодравон Каримов Р.Ҷ., устоди Донишгоҳи политехникӣ, аз Бобоҷон Олимов чунин ёд мекунад: “Бобоҷон хеле хуб расм мекашид, ҳусни хати зебо, фикри олиҷаноби таҳлилӣ дошта, ҳама хислатҳои хоси меъмориро доро буд”.

Пас аз хатми донишгоҳ Бобоҷон Олимов корро аз Саридораи меъморию банақшагирии шаҳри Душанбе оғоз намуда, баъдан ҳамчун сармеъмори ноҳияи Октябри (ҳоло н.И.Сомонӣ), муовини аввали сармеъмори пойтахт, сардори шӯъбаи робитаҳои иқтисодии бурунмарзии Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон ва котиби Иттифоқи меъморони Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Лоиҳаи иншоотҳои кашидаи ӯ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Шаҳринав, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Варзоб то ҳол ҷаззобу ҷолиб боқӣ мондаанд.

Ногуфта намонад, ки Бобоҷон Олимов дар интихоб ва ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони Масҷиди марказии Тоҷикистон низ саҳми арзандаи худро гузошта, баъдан бунёди онро бевосита роҳбарӣ кардааст.

Бобоҷон Олимов бо меъморони намоёни Тоҷикистон чун Р.Каримов, В.Ерзовский, Ю.Пархов, А.Подопригора, П.Дудин якҷо фаъолият намудааст, ки ин дар ташаккули минбаъдаи ӯ нақши муҳим дошт.

1 декабри соли 1992 аввалин Анҷумани Иттифоқи меъморони Тоҷикистони соҳибистиқлол доир гардид, ки дар он оинномаи Иттифоқ ва ҳайати роҳбарияти он мушаххас шуд. Ҳамин тавр, Бобоҷон Олимов аввалин раиси ин Иттифоқ интихоб гардида, то охири ҳаёташ дар ин мақом самаранок фаъолият намуд.

Бахши дигаре, ки Бобоҷон Олимов самаранок кор кардааст, низоми суғуртаи кишвар аст. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, замоне, ки тамоми сохторҳои давлатӣ ба мушкил мувоҷеҳ гардида буданд, Бобоҷон Олимов ба ташаккули бозори суғуртаи кишвар камар баст. Ӯ якҷо бо беҳтарин мутахассисони соҳа Исҳоқов Шарифҷон, Ҷӯраев Ҷӯрабек, Холниёзов Исматулло ва чанде дигар ташкилоти суғуртавии “Муин”-ро таъсис дод, ки яке аз аввалин ширкатҳои суғуртавии ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон буд. Номи ташкилот ҳам бо пешниҳоди Бобоҷон Олимов “Муин”, яъне “мададгор, ёридиҳанда” гузошта шуд.

Соли 1995 муассисон ва кормандони “Муин” Бобоҷон Олимовро раиси Шӯрои муассисон интихоб карданд ва ӯ то вопасин лаҳзаи ҳаёти хеш дар ин вазифа содиқона ва дар сатҳи баланд фаъолият намуд.

Касбият, ҳамадонӣ, инсондӯстӣ, масъулиятшиносӣ, ҳазлҳои бамаврид ва умуман, хислатҳои неки инсонӣ хоси Бобоҷон Дадохонович буд. Ӯ тамоми умр дар ҷустуҷӯву такопӯ буд ва фаъолияту зиндагиномаи ӯ барои мо – дӯстон намунаи ибрат аст.

Шарифҷон Исҳоқов, ки бо Бобоҷон Олимов дӯстиву ҳамкории тӯлонӣ ва самимӣ дошт, мегӯяд, ки “ӯ дар самти рушди бахши суғурта нақшаҳои зиёд дошт ва барои кормандон маҳзани фикру ақидаҳои пешқадами замона буд”.

Сад дареғо, ки марги беамон домони ин марди софдилу ғайратмандро дар авҷи камолот, дар синни 46 солагӣ (1 ноябри соли 1998) гирифт ва ӯ дунёи фониро тарк кард.

Имрӯз, 27-уми октябр, аз зодрӯзи ин марди асил 70 сол сипарӣ мегардад ва дӯстону пайвандон ин санаро бо ёди Бобоҷон Олимов таҷлил мекунанд.

Ёдатон ба хайру хонаи охирататон обод бод, дӯсти азиз, Бобоҷон Олимов!

Аҳли кормандони ташкилоти суғуртавии “Муин”, аҳли оила ва ёру дӯстон – Исҳоқов Шарифҷон ва Холниёзов Исматулло

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.