Анҷоми зарбулаҷали 10-рӯзаи Покистон. Эътирози ҳазорон нафар барои ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ

Дирӯз, 31-уми октябр, дар шаҳри Кветтаи Покистон ҳазорон нафар ба кӯчаҳо баромада, бо нишони эътироз алайҳи ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ тазоҳурот карданд. Дар ин бора хабаргузории “Афғонистон Интернешнл” иттилоъ медиҳад. Ба иттилоъи манбаъ, дар ин тазоҳурот дар баробари шаҳрвандон ва паноҳҷуён, инчунин намояндагони теъдоде аз ҳизбҳои сиёсӣ низ ширкат кардаанд. Дар ин робита пулиси Покистон ба […]

Asia-Plus

Дирӯз, 31-уми октябр, дар шаҳри Кветтаи Покистон ҳазорон нафар ба кӯчаҳо баромада, бо нишони эътироз алайҳи ихроҷи паноҳҷӯёни афғонистонӣ тазоҳурот карданд. Дар ин бора хабаргузории “Афғонистон Интернешнл” иттилоъ медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, дар ин тазоҳурот дар баробари шаҳрвандон ва паноҳҷуён, инчунин намояндагони теъдоде аз ҳизбҳои сиёсӣ низ ширкат кардаанд.

Дар ин робита пулиси Покистон ба расонаҳо иҷоза надодааст, ки тазоҳуротро инъикос кунанд.

Вазорати умури дохилии Покистон ба афғонистониҳое, ки асноди иқомат надоранд, ҳушдор додааст, ки раванди ихроҷи паноҳандагон рӯзи 2-ми октябр оғоз мешавад.

Ин ниҳоди қудратӣ эълон доштааст, ки дар Покистон беш аз 4 миллион паноҳандаи афғонистонӣ умр ба сар мебаранд, ки ҳудуди 1 миллиону 700 ҳазори онҳо асноди иқомат надоранд.

Пеш аз анҷом ёфтани муҳлат, теъдоди зиёди паноҳандагони афғонистонӣ бо мошину автобусҳо ба гузаргоҳҳои марзӣ равона шудаанд.

Қаблан Покистон ба паноҳандагони беш аз як миллионаи афғонистонӣ 10 рӯз фурсат дода буд, ки дар сурати надоштани асноди иқома ин кишварро тарк кунанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки вазири умури дохилии Эрон низ ихроҷ шудани паноҳандагони ғайриқонунии афғонистониро пешниҳод кардааст.

Хабаргузорӣ менависад, ба қавли мақомоти Эрон, дар пайи мушкилоте, ки гӯё гурезаҳои афғонистонӣ эҷод кардаанд, мавҷи зиддиафғонӣ оғоз гардидааст. Таъкид мегардад, ки иддае аз мардум дар вилояти Қазвин алайҳи гурезаҳои афғонистонӣ садо баланд кардаанд.

Ёдовар мешавем, тибқи омори соли 2021 баъди қудратро соҳиб шудани гурӯҳи Толибон* ба Тоҷикистон наздики 14 ҳазор паноҳанда ва гуреза омада буд, ки бештари онҳо ба кишвари сеюм, аз ҷумла ба Канада рафтаанд.

Бо вуҷуди ин, теъдоде аз гурезаҳои афғонистонӣ то ҳол дар Тоҷикистон боқӣ мондаанд, ки баъзан аз мушкили худ шикоят мекунанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.