Барои гирдиҳамоӣ ба ҷонибдории Фаластин се шаҳрванди Ӯзбекистон ҳабс шуданд

Се тан аз узбекистониҳое, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин дар майдони “Амир Темур”-и шаҳри Тошканд боздошт гашта буданд, барои 15 шабонарӯз ҳабс шудаанд. Хабаргузории “Газета.uz” иттилоъ дода, ки боздоштшудаҳоро бо қарори додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд ҳабс кардаанд. Ду нафари онҳо сокинони ноҳияи Оҳангарон ва як нафар аз ноҳияи Косони […]

Се тан аз узбекистониҳое, ки рӯзи 29-уми октябр дар ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин дар майдони “Амир Темур”-и шаҳри Тошканд боздошт гашта буданд, барои 15 шабонарӯз ҳабс шудаанд.

Хабаргузории “Газета.uz” иттилоъ дода, ки боздоштшудаҳоро бо қарори додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд ҳабс кардаанд.

Ду нафари онҳо сокинони ноҳияи Оҳангарон ва як нафар аз ноҳияи Косони вилояти Қашқадарё аст. Онҳо бар асоси бандҳои “Итоат накардан ба талаби корманди ҳифзи ҳуқуқ” ва “Нақзи тартиботи ҷамъиятӣ” айбдор дониста шудаанд.

Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки мақомоти интизомӣ дар шаҳри Тошканд иштирокдорони ҳамоиши эътирозӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластинро дастгир карданд.

Хабаргузории “Gazeta.uz” бо истинод ба манбаъҳои худ иттилоъ дода, ки беш аз 100 нафар дар майдони “Амир Темур”-и шаҳр ҷамъ шуда буданд ва маъмурони пулис онҳоро дастгир карда, ба шуъба бурдаанд.

Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳодисаи ҳабси шаҳрвандон барои ташкили гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз Фаластин дар давлатҳои Осиёи Миёна аст. То кунун, сокинони минтақа бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаластиниён дифоъ карда, аз ташкили ҳар гуна гирдиҳамоиҳо парҳез мекарданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.