Доналд Трамп ба Кохи Сафед бармегардад

Дар маъракаи интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ғолиб омада, президенти 47-уми ин кишвар интихоб шуд. Тавре ки расонаҳо хабар медиҳанд, ҳарифи ӯ – ноиби президенти амалкунандаи ИМА Камола Ҳаррис бохти худро эътироф намуда, ба Трамп занг зад ва ӯро бо пирӯзӣ табрик кард. Сарвари давлати тозаинтихобро ҳамчунин президенти амалкунандаи ИМА […]

Аз рӯи маводи ВАО

Дар маъракаи интихоботи президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп ғолиб омада, президенти 47-уми ин кишвар интихоб шуд.

Тавре ки расонаҳо хабар медиҳанд, ҳарифи ӯ – ноиби президенти амалкунандаи ИМА Камола Ҳаррис бохти худро эътироф намуда, ба Трамп занг зад ва ӯро бо пирӯзӣ табрик кард.

Сарвари давлати тозаинтихобро ҳамчунин президенти амалкунандаи ИМА Ҷо Байден низ табрик гуфт.

Зимни суханронӣ назди ҷонибдоронаш Доналд Трампи 78-сола ваъда дод, ки Амрикоро “боз бузург, пурзӯр ва бехатар” ва сокинонашро – хушбахт месозад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки ният дорад “ба ҷангҳо хотима бахшад”, на балки онҳоро боз оғоз намояд.

Маросими расмии сари мансаб нишастани Трамп 20 январи соли 2025 дар бинои Капитолия дар Вашингтон доир мегардад. Ин маросим ҳамеша дар ҳамин рӯз мегузарад, ки дар ислоҳи 20-уми Конститутсияи ИМА аз соли 1933 зикр шудааст. Дар ислоҳ зикр шудааст, ки нимаи дуюми рӯзи 20 январ муҳлати ваколатҳои президент ва ноиби президенти амалкунанда ба охир расида, муҳлати шахсони тозаинтихоб оғоз мегардад.

Дар баробари президент ҳамзамон конгрессменҳо низ интихоб шуданд. Ҳизби ҷумҳурихоҳ аксариятро дар сенати конресси ИМА соҳиб шуд. Ба туфайли пирӯзӣ дар Вирҷинияи Ғарбӣ ва Огайо ҷумҳурихоҳон палатаи болоии парлумонро зери назорат гирифтанд.

Ин ду пирӯзӣ ба ҷумҳурихоҳон имкон доданд, ки дар сенати иборат аз 100 курсӣ ҳадди ақалл 51-ҷойро гиранд. Ғайр аз ин, тибқи пешгӯиҳои ВАО-и амрикоӣ, ҷумҳурихоҳон дар палатаи намояндагони конгресс низ аксариятро нигоҳ доштанд.

Бисёре аз сарони давлатҳо, аз ҷумла Британияи Кабир, Фаронса, Лаҳистон (Полша), Чин, Ҳиндустон, Туркия, Исроил ва дигар кишварҳо Доналд Трампро бо ғалаба табрик карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.