“Мардҳоро таҳрик медиҳанд”. Толибон дар як вилояти Афғонистон наттоқии занон дар телевизионро манъ кардаанд

Мақомоти гурӯҳи Толибон* дар вилояти Ҳироти Афғонистон фаъолияти занонро ба ҳайси ровӣ дар телевизион манъ кардаанд. Рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон бо такя ба манобеъи худ дар ин вилоят навиштааст, ки ин мамнуъият бо дастури Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон дар Ҳирот содир шудааст. Далели ин корро Толибон ба барангехтани таҳрики мардон […]

Asia-Plus

Мақомоти гурӯҳи Толибон* дар вилояти Ҳироти Афғонистон фаъолияти занонро ба ҳайси ровӣ дар телевизион манъ кардаанд.

Рӯзномаи “8-и субҳ”-и Афғонистон бо такя ба манобеъи худ дар ин вилоят навиштааст, ки ин мамнуъият бо дастури Раёсати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари Толибон дар Ҳирот содир шудааст. Далели ин корро Толибон ба барангехтани таҳрики мардон ҳангоми дидани ровии зан дар телевизион рабт додаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, мақомоти ин гурӯҳ гуфтаанд, ки наттоқии занон дар телевизион боиси таҳрики мо ва таҳрики мардони дигар мешавад. Раёсати амр ба маъруфи Толибон дар Ҳирот ба расонаҳо ҳушдор додааст, ки набояд аз ин дастур сарпечӣ кунанд. Аммо худи Толибон дар ин бора расман чизе нагуфтаанд.

Бояд гуфт, Толибон пас аз дигарбора баргаштан ба сари қудрат дар Афғонистон маҳдудиятҳои зиёде барои расонаҳо ва занон ҷорӣ карданд. Аз ҷумла, чанде пеш роҳбари ҳукумати Толибон дар Афғонистон Ҳайбатуллоҳ Охундзода дастур дода буд, ки дар биноҳои навсохт тирезаҳо набояд ба самти ҳавлӣ, ошхона ва чоҳҳои об, ки асосан занон истифода мебаранд, кушода шаванд. Инчунин тирезаҳо набояд ба ҳавлии ҳамсояҳо боз шаванд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон бо нашри ин қарор гуфта буд, ки маҳдудияти мазкур “барои пешгирии амалҳои ғайриахлоқӣ равона шудааст”. Ба гуфтаи ӯ, мушоҳидаи занон ҳангоми анҷоми корҳои рӯзмарра метавонад боиси рафторҳои номатлуб гардад.

Бояд гуфт, ки аз замони ба сари қудрат омадани ин гурӯҳ дар соли 2021, онҳо пайваста озодиҳои занонро маҳдуд мекунанд – аз манъи таҳсил то маҳдуд кардани ҳуқуқи кор берун аз хона.

Созмонҳои байналмилалӣ пайваста қарорҳои "Толибон"-ро маҳдуд кардани озодиҳои занон дар Афғонистон унвон мекунанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои ҳуқуқи башар пайваста нисбати сиёсати зидди занонаи Толибон изҳори нигаронӣ мекунанд. Коршиносон бар он назаранд, ки чунин маҳдудиятҳо на танҳо ба пешрафти иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон монеа эҷод мекунанд, балки ба рушди ҷомеаи ин кишвар дар маҷмӯъ таъсири манфӣ мерасонанд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио