Бордюжа: Пойгоҳи 201 дар ҳалли низоъҳои дохилӣ истифода намешавад

Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа изҳор кардааст, ки низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар пароканда кардани ё пешгирии намоишҳои эътирозӣ дар Хоруғ дар сурати такрор шудани онҳо истифода нахоҳанд шуд. «Ман инро комилан аз эҳтимол дур медонам, зеро воҳидҳои низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия баҳри мусоидат ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи таҳдидҳо аз […]

ASIA-Plus


Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа изҳор кардааст, ки низомиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар пароканда кардани ё пешгирии намоишҳои эътирозӣ дар Хоруғ дар сурати такрор шудани онҳо истифода нахоҳанд шуд.

«Ман инро комилан аз эҳтимол дур медонам, зеро воҳидҳои низомии пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия баҳри мусоидат ба Тоҷикистон ҷиҳати рафъи таҳдидҳо аз хориҷи кишвар таъин шудаанд», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба газетаи «Московские новости».

Бордюжа зикр кардааст, ки дар ҳеҷ кадоме аз созишномаҳои байнидавлатӣ шартҳоеро надидааст, ки ҷалби низомиёни Русия ба мушкилоти дохилии Тоҷикистонро дар назар дошта бошанд. «Умедворам, ки чораҳои андешидаи президенти Тоҷикистон дигар ба такрори ташаннуҷи авзоъ дар Хоруғ роҳ намедиҳанд», – иброз доштааст дабири кулли СААД.

Маврид ба ёдоварист, ки тобистони соли равон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон як қатор намоишҳои эътирозӣ алайҳи ҳукумат сурат гирифтанд. Аҳолӣ аксаран аз собиқ қумондонҳои саҳроӣ ҷонибдорӣ мекарданд ва баҳри ба субот овардани вазъ дар Хоруғ, амалиёти махсуси нерӯҳои ҳукумат оғоз гардид.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷараёни амалиёт 30 тан аз ҷангиён куштаву беш аз 40 нафарашон дастгир шуданд. Талафоти нерӯҳои ҳукумат 17 куштаву 40 захмиро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.