КДАМ ҷустуҷӯи корманди милисаро эълон кард

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нозири хадамот оид ба пешгирии қонуншиканӣ миёни ноболиғони ВКД ҶТ, лейтенанти калони милитсия Сафаралӣ Сафаровро таҳти пайгарди қонунӣ эълон кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КДАМ ҶТ хабар дод, ин корманди милиса худро шахси ваколатдори яке аз ширкатҳои бузурги содироткунандаи бензин муаррифӣ намуда, бовари шаҳрвандонро ба даст меовардааст […]

Аваз Юлдошев


Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон нозири хадамот оид ба пешгирии қонуншиканӣ миёни ноболиғони ВКД ҶТ, лейтенанти калони милитсия Сафаралӣ Сафаровро таҳти пайгарди қонунӣ эълон кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз КДАМ ҶТ хабар дод, ин корманди милиса худро шахси ваколатдори яке аз ширкатҳои бузурги содироткунандаи бензин муаррифӣ намуда, бовари шаҳрвандонро ба даст меовардааст ва ба ҳамин васила маблағҳои пулии онҳоро гирифта, дигар барнамегардонидааст. «Алҳол азхудкунии ҳудуди 3,5 млн. доллари ИМА-и шаҳрвандон аз ҷониби ӯ ошкор гардид», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон макони будубоши Сафаралӣ Сафаров номаълум буда, баҳри ҷустуҷӯ ва боздошти ӯ чораҳо андешида мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар сомонаи расмии ВКД ҶТ хабаре нашр гардид, ки мувофиқи он,  бо фармони вазири корҳои дохилӣ, корманди милисаи дар боло зикршуда барои вайрон намудани талаботҳои оинномаи интизомии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомот озод карда шудааст. ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки аз сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев перомуни ин қазия шарҳу тавзеҳ дастрас кунад, вале ӯ аз пешниҳоди маълумот худдорӣ намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.