«Истиқлол» соҳиби медалҳои биринҷӣ шуд

Дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд. Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии мавқуфгузоштаи давраи 23-юм футболбозони дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 5 бар 0 бар дастаи «Энергетик» (Душанбе) дастболо шуданд. Дар чемпионати имсола баргузории танҳо як вохӯрии ҳалкунанда боқӣ монд. Рӯзи 29-уми ноябр бозии дастаи «Истиқлол» бо […]

Аваз Юлдошев


Дастаи футболи «Истиқлол» (Душанбе) соҳиби медалҳои биринҷии Чемпионати лигаи олии футболи Тоҷикистон шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии мавқуфгузоштаи давраи 23-юм футболбозони дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 5 бар 0 бар дастаи «Энергетик» (Душанбе) дастболо шуданд.

Дар чемпионати имсола баргузории танҳо як вохӯрии ҳалкунанда боқӣ монд. Рӯзи 29-уми ноябр бозии дастаи «Истиқлол» бо «Равшан»-и Кӯлоб доир мегардад.

Дар сурати ғалаба дар ин вохӯрӣ футболбозони «Равшан» бори нахуст дар таърихи даста ба гирифтани медалҳои тилои чемпионат мушарраф хоҳанд гардид. Дар сурати мусовӣ ё бохти дастаи «Равшан», тими «Регар-ТадАЗ» ғолиби чемпионат мегардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.