Боздошти фурӯшандагони героин дар Ваҳдат

Зимни як амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ду нафаро бо 1 кило героин боздошт шуданд, ки яке аз онҳо пештар ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд. Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, ин ду тан дар ҷараёни фурӯши маводи мухаддир боздошт […]

ASIA-Plus


Зимни як амалиёти кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар қаламрави ноҳияи Ваҳдат ду нафаро бо 1 кило героин боздошт шуданд, ки яке аз онҳо пештар ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, ин ду тан дар ҷараёни фурӯши маводи мухаддир боздошт шуданд ва тафтишот муайян кардааст, ки яке аз ин шахсони боздоштшуда ду маротиба бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар Русияву Тоҷикистон дастгир ва баъди адои муҳлати ҷазо ба озодӣ баромадааст.

«Аз рӯи ҳодисаи ошкоршуда ҳоло парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида ва гумонбарон дар тафқифгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешаванд», – гуфтанд дар АНМН.

Зимнан зикр гардид, ки барои фош сохтани сарчашмаҳои дарёфти ин маводи мухаддир ва шахсони дигари алоқаманд ба ин амал чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.