Раиси ҲНИТ аз Норвегия боздид кард


Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ идомаи сафари худ ба Аврупо дар ҳайати муштараки роҳбарони аҳзоб ва ҳаракатҳои исломии ҷаҳон барои мулоқот ва муколама бо намояндагони мақомоти аврупоӣ аз Норвегия боздид кард.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, 28- уми ноябр ҳайати муштарак бо вазири корҳои хориҷии Норвегия ҷаноби Эспен Барт Эйде, муовини Раиси парлумони Норвегия Ахтар Чаудри ва аъзои комитети робитаҳои байналмиллалии парлумон мулоқот намуд.

Зимни мулоқотҳо вазъи олами Ислом дар маҷмӯъ ва ҳар минтақа дар алоҳидагӣ мавриди баррасӣ гашт. Аз ҷумла, вазъияти Осиёи Марказӣ ва равандҳои сиёсиву иқтисодии он яке аз меҳварҳои мулоқотҳо буд.

Вазири корҳои хориҷии Норвегия рағбати кишварашро  барои ҳамкорӣ дар рушди барномаҳои гидроэнергетикӣ бо Точҷкистон изҳор намуд ва онро яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсатҳои кишвараш дар Осиёи Марказӣ хонд.

«Раиси ҲНИТ ин мавқеъи кишвари Норвегияро созанда ва муносиб ба ниёзҳои мардуми Тоҷикистон хонда, онро барои рушди тамоми минтақа муҳим донист ва инчунин изҳор кард, ки дар Осиёи Марказӣ бояд ҳарчи зудтар ислоҳоти шомили сиёсӣ ва иқтисодӣ сурат бигирад ва Аврупо ҳамкории бештареро бо кишварҳои минтақа дошта бошад», – гуфт манбаъ.

spot_imgspot_img

Популярное