Ахири ҳафтаи сипаришуда бо супориши сарвари давлат нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов аз шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ боздид намуда, бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои наздисоҳилӣ аз наздик ошно гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, дар ҷараёни сафар Оқил Оқилов ба хадамоти дахлдор дастур дод, ки лоиҳаи корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёҳои Ёхсу, Даҳана, Тебалай ва Зиракии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъро таҳия намуда, ба баррасии ҳукумати кишвар пешниҳод созанд.
Ба қавли ӯ, нахуствазир назди масъулини мақомоти марбута ҷиҳати саривақт огоҳ намудани аҳолии маҳаллӣ аз хавфи фаромадани сел ва тақвияти тадбирҳо дар мавзеҳои имконпазири селфаро вазифаҳои мушаххас гузошт.
«Зимни машварати корӣ дар Кӯлоб аз натиҷаҳои сафари кории нахуствазир натиҷагирӣ шуд», – афзуд номбурда.



