Истирдоди ҷинояткори навбатӣ аз Русия ба Тоҷикистон

Моҳи ноябр шаҳрванди мавриди ҷустуҷӯ қарордошта Ғолибҷон Собиров ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурда шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Прокуратураи генералии Русия, Ғ.Собиров моҳи майи соли 2012 барои содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда мутобиқи моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба […]

Аваз Юлдошев


Моҳи ноябр шаҳрванди мавриди ҷустуҷӯ қарордошта Ғолибҷон Собиров ба мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон супурда шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Прокуратураи генералии Русия, Ғ.Собиров моҳи майи соли 2012 барои содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда мутобиқи моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ва ба миқдори ниҳоят зиёд) ва 289 (Суиқасди қочоқи маводи мухаддир)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон таҳти пайгарди қонунӣ эълон шуда буд.

Бино ба фарзияи тафтишот, Собиров ҳамроҳи шарикаш 476 грамм маводи мухаддири сахттаъсири героинро дар тагчарми пойафзол пинҳон намуда, аз Тоҷикистон ба Русия интиқол доданӣ будаанд. Аммо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ин амали онҳо огоҳ гардида, шарики Собировро боздошт намуданд, вале ба худи ӯ муяссар гардида буд, ки паноҳ барад.

Моҳи июли соли равон Собировро кормандони пулис дар қаламрави ноҳияи Митишинои вилояти Маскав боздошт карданд. Ҳуҷҷатҳои ӯ санҷида шуда, маводи мавҷуда ба Прокуратураи генералии Русия фиристода шуд.

Пас аз баррасии аснод қарор шуд, ки барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан, Собиров ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.