Хатлон: Гумонбарии хазинадори «Амонатбонк» ба азхудкунии 1,5 млн. сомонӣ

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати хазинадори филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппаро, ки ба азхудкунии 1,5 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешавад, оғоз намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷумъаназар Сайдаҳмадов хабар дод, хазинадори филиали бонк Салим Бобоев дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 246 (Тасарруфи пулу моли […]

Сайраҳмон Назриев


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбати хазинадори филиали «Амонатбонк» дар шаҳри Қӯрғонтеппаро, ки ба азхудкунии 1,5 млн. сомонӣ гумонбар дониста мешавад, оғоз намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» прокурори шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷумъаназар Сайдаҳмадов хабар дод, хазинадори филиали бонк Салим Бобоев дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда дар моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ), 246 (Тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад.

Бино ба маълумоти тафтишот, хазинадор бо истифода аз мансаби хидматӣ тавассути сохтакории ҳуҷҷатҳо 1,5 млн. сомонӣ маблағро азхуд кардааст. Ғайр аз ин, ӯ ба шуъбаи қарздиҳии бонк ҳуҷҷатҳои ғайриқонунӣ пешниҳод намуда, ба маблағи умумии 800 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ Бобоев 1,5 млн. сомониро баргардонида, ҳоло 800 ҳазор сомонии ба сифати қарз гирифааш боқӣ мондааст. Суд имрӯз идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.