Э.Раҳмон: Муносиботи иқтисодӣ заминаи асосии ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳо аст

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод-пойтахти Туркманистон дар ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа наздики 20 масъала, аз ҷумла масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва вобаста ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии […]

ASIA-Plus


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхобод-пойтахти Туркманистон дар ҷаласаи навабатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ҷаласа наздики 20 масъала, аз ҷумла масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва вобаста ба фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои аъзои ин созмон баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи сарони давлатҳоро бештар ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия ва энергетика ҷалб намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки “муносиботи иқтисодӣ заминаи асосии ҳамкорӣ дар ҳамаи бахшҳои дигар мебошад ва бе рушди дилхоҳи кор дар ин самт робитаҳои сиёсӣ ва илмию фарҳангии мо наметавонанд густариши судманд дошта бошанд”.

Баъди муҳокимаи масоили рӯзнома, ки дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва дар музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмӣ сурат гирифт, аз ҷониби сарони давлатҳо ва ҳайатҳо як зумра санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Эъломияи сарони кишварҳои ИДМ оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷониба, қарор дар бораи таҷлили 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, Созишнома дар бораи ҳамкорӣ барои ташкили бозори якҷояи асъори хориҷӣ ва созишномаҳо доир ба омодасозии мутахассисони сохторҳои зиддитеррористӣ ва таъмини моддию техникии чунин мақомот аз ҷумлаи санадҳои имзошуда мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.