Ҳисор: Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи мактаби нав

Субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як мактаби нав ва оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти зиёди ҷашни солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон ба ин ноҳия ташриф овард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, мактаби наву зебои ин деҳаро мавриди баҳрабардорӣ қарор […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи як мактаби нав ва оғоз бахшидан ба сохтмони иншооти зиёди ҷашни солгарди 3 ҳазоруми Ҳисори шодмон ба ин ноҳия ташриф овард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба деҳаи Ғайратободи ҷамоати деҳоти Сомон ташриф оварда, мактаби наву зебои ин деҳаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Зимни шиносоӣ бо шароити мактаб иттилоъ дода шуд, ки он бо 24 синфхона барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Мактаб бо харҷи қариб 9 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ бунёд гардид.

Сарвари давлат дар толори маҷлисии мактаб дар назди мактаббачагону волидони онҳо ва фаъолони ноҳия суханронӣ намуда, таълиму тарбияи босифати насли навраси кишварро вазифаи муҳими тамоми аҳли ҷомеа арзёбӣ намуд. Изҳори боварӣ карда шуд, мактаббачагони ин деҳа бо истифода аз шароити хуби мактаби нав донишу малакаи худро беш аз пеш сайқал медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.