Нигаронии ИА аз баста шудани сомонаҳо дар Тоҷикистон

Намояндагии ИА дар Тоҷикистон ҷиҳати бастани шабакаҳое аз қабили Фейсбук, Ютуб, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ (дафтари тоҷикии Radio Free Europe) ва дигар сомонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ менамояд. Дар иттилои интишоршудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки қатъи назар аз он ки, баъзе аз сомонаҳои интернетии пештар масдудшуда акнун аз нав дастрас мебошанд, Иттиҳоди Аврупо бо ҳисси изтироб […]

ASIA-Plus


Намояндагии ИА дар Тоҷикистон ҷиҳати бастани шабакаҳое аз қабили Фейсбук, Ютуб, сомонаи интернетии Радиои Озодӣ (дафтари тоҷикии Radio Free Europe) ва дигар сомонаҳои хабарӣ изҳори нигаронӣ менамояд.

Дар иттилои интишоршудаи намояндагӣ зикр мегардад, ки қатъи назар аз он ки, баъзе аз сомонаҳои интернетии пештар масдудшуда акнун аз нав дастрас мебошанд, Иттиҳоди Аврупо бо ҳисси изтироб қайд менамояд, ки ин гуна монеаҳо дар Тоҷикистон зуд-зуд рӯй медиҳанд, ки боиси ба миён омадани саволҳои ҷиддӣ оиди ҳолати озодии васоити ахбори умум мешаванд.

Дар идома гуфта мешавад, намояндагии ИА даъват ба мақомоти расмии Тоҷикистон дорад, то мувофиқи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ озодии матбуот ва озодии баён риоя ва пешбарӣ карда шаванд.

«Намояндагии ИА боварӣ дорад, ки шабакаи интернет минбари озод барои тамоми қишрҳои ҷомеа аст, ки метавонанд назару фикри худро баён доранд, ва бинобар ин мақомоти расмии Точикистонро ба таъмини амали пурра ва бемамониати сомонаҳои мустақил даъват менамояд», – омаддаст дар фарҷоми иттилоия. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.