Ҳузури президент дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи дастаи «Истиқлол»

Дар дараи Алмосӣ, ки аз беҳтарин минтақаҳои истироҳату саёҳати Ҳисор ва кулли Тоҷикистон ба шумор меравад, бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Академияи футболи дастаи Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва майдонҳои машқу тамрини футбол ва тарбияи ҷисмонӣ […]

ASIA-Plus


Дар дараи Алмосӣ, ки аз беҳтарин минтақаҳои истироҳату саёҳати Ҳисор ва кулли Тоҷикистон ба шумор меравад, бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Академияи футболи дастаи Истиқлол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар ин ҷо биноҳои маъмурӣ, таълимӣ, хобгоҳ, ошхона, ҳаммом ва майдонҳои машқу тамрини футбол ва тарбияи ҷисмонӣ дар маҷмӯъ барои қабул ва таълиму тарбияи футболбозони наврас омода гардидааст.

Дар ин ҷо ҳоло аз миёни 2 ҳазор нафар довталабон тариқи озмун 80 нафар наврасон қабул шудаанд ва қабули довталабони дигар тавассути озмун идома дорад.

Академияи футболи Истиқлол бо ҳолати имрӯза имкон дорад, ки 140 нафар наврасонро барои омӯзиши футбол қабул намояд.

Сарвари давлат ба масъулин дастур дод, ки дар ин ҷо боз як бинои таълимӣ сохта, шумораи мактаббачагонро ба 280 нафар расонанд. Дӯстдорони навраси футбол дар ин академия натанҳо маҳорату малакаи футболбозӣ меомӯзанд, балки ҳамчунин бо таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро гирифта мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.