Боздиди сарвари давлат аз майдони сохтмони корхонаи металлургӣ дар Ҳисор

Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ҳисор президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Корхонаи бузурги металлургӣ дар ин ноҳия шинос шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар сохтмону таҷҳизи ин корхона наздики 200 нафар бо кор таъмин шудаанд ва тадриҷан шумораи бинокорон ба 480 нафар хоҳад расид. Корхона дар 2 навбат ба […]

ASIA-Plus


Дар ҷараёни сафар ба ноҳияи Ҳисор президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон бо рафти сохтмони Корхонаи бузурги металлургӣ дар ин ноҳия шинос шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳоло дар сохтмону таҷҳизи ин корхона наздики 200 нафар бо кор таъмин шудаанд ва тадриҷан шумораи бинокорон ба 480 нафар хоҳад расид.

Корхона дар 2 навбат ба кор дароварда мешавад. Навбати аввали он моҳи майи соли 2013 ба кор медарояд ва дар он солона то 450 ҳазор тонна оҳанпора коркард хоҳад шуд. Аз оҳанпора дар он арматура, профил ва дигар масолеҳи металлии сохтмон бо қутрҳои гуногун истеҳсол хоҳад шуд.

Дар навбати дуюми корхона бошад, истеҳсоли чунин маҳсулот аз хокаи оҳан ва дигар маъданҳо, ки аз конҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳо дастрас мешавад, ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳангоми пурра ба кор даромадани корхона дар он беш аз 2600 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.