Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар XIX-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар пойтахти Ираландия шаҳри Дублини баргузор мешавад, ширкат варзид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Ҳамрохон Зарифӣ дар баромади худ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нисбат ба масоили мубрами дар назди САҲА истода, баён намуд. Дар нутқи Вазир лаҳзаҳои асосии муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва он Созмон, инчунин масоили аҳамияти минтақавӣ дошта, аз ҷумла, ба соҳаи обу энергетикаи Осиёи Марказӣ таалуқдошта, инъикос ёфтанд.
Дар ҳошияи ҷаласа якчанд мулоқотҳои дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҷой доштанд. Мулоқоти дуҷониба бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор шуд. Вазирон вазъи робитаҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисод, савдо, рушди нақлиёту коммуникатсия ва энергетикаро, аз ҷумла вазъ дар Осиёи Марказиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба ҳамкориҳои сетарафа дар соҳаҳои гуногун миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон низ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Худи ҳамон рӯз, Вазири корҳои хориҷӣ бо Ёвари котиби давлатии ИМА оид ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Роберт Блейк мулоқот дошт. Мавзӯи мулоқотро як қатор масъалаҳо оид ба фаъолияти САҲА дар Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳо дар ҳошияи ченакҳои он Созмон ташкил доданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо дар масъалаи ҳифзи сарҳад, таҳкими ҳамкориҳо бо назардошти хурӯҷи қуввваҳои байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014, безараргардонии минаҳо ва ҷиҳозонии гузаргоҳҳо дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ибрози ақида намуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон диққати дипломати америкоиро ба зарурати ҳар чӣ зудтари татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ки барои сохтмони роҳҳои оҳан, хатҳои интиқоли барқ, қубурҳои газгузари Афғонистонро бо дигар кишварҳо пайвасткунанда нигаронанд, ҷалб намуд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Комиссари Олии САҲА оид ба ақаллиятҳои миллӣ Сафир Кнут Воллебек мулоқот дошт. Ҷонибҳо масъалаҳое, ки ба риояи ҳуқуқҳои ақаллиятҳои миллӣ дар кишварҳои иштирокчии САҲА таалуқ доштанд, баррасӣ намуданд. Комиссари Олии САҲА роҷеъ ба вазъи ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбъада дар ин самт иброз дошт. Сафир Воллебек иттилоъ дод, ки соли 2013 ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон, сафар хоҳад намуд.
Дар нимаи дуюми рӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси дабири кулли СММ/Роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослам Енча баргузор гашт. Дар рафти мулоқот, фаъолияти Маркази СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда мавриди арзёбӣ қарор гирифт. Сафир Енча оид ба иқдомҳои Марказ ва нақашаҳои ояндаи он маълумот дод. Вазир диққати Роҳбари минтақавиро оид ба зарурати таҳкими фаъолият ҷиҳати ҳалли мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ ҷалб намуд.


