Маҳкумияти як гурӯҳи ифротгароён дар Суғд

Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбати 7 нафар ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба итмом расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, ҳукм нисбати айбдоршавандагон ахири ҳафтаи гузашта дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд содир гардид. Миёни айбдоршавандагон се нафар занону як нафар ноболиғ […]

Мавлуда Рафиева


Дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи додгоҳӣ нисбати 7 нафар ба гумони узвият дар созмони фаъолияташ мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиа, судяи шаҳри Хуҷанд Шуҳрат Аҳроров иттилоъ дод, ҳукм нисбати айбдоршавандагон ахири ҳафтаи гузашта дар бинои тавқифгоҳи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд содир гардид. Миёни айбдоршавандагон се нафар занону як нафар ноболиғ низ ҳузур доранд.

Ба гуфтаи номбурда, соли 2000-ум онҳо ихтиёран ба сафи созмони «Ҳизб-ут-таҳрир» пайваста, ба ҷалби аъзои нав, таблиғи афкору ғояҳои созмони мазкур ва паҳн намудани варақаҳои мазмуни ифротгароӣ машғул будаанд.

«Аксари онҳо дар ташкил ва иштирок дар гурӯҳҳои ифротгаро, барангехтани низоъи милливу нажодӣ ва мазҳабӣ, даъват ба тариқи зӯроварӣ барҳам додани сохти конститутсионӣ ва даъват ба анҷом додани амалҳои ифротгароӣ муттаҳам карда мешаванд», – қайд кард Аҳроров.

Ба иттилои судя, сокини 28-солаи шаҳри Исфара Мавлониддин Эрматов ва сокини 36-солаи ноҳияи Зафаробод Сатторқул Холиқов ҳар кадоме ба 3 соли зиндони низомаш шадид маҳкум гардиданд.

«Ду нафар сокинони шаҳри Чкаловск – Ислом Бобоеви 16-сола ва Суҳроб Ҳафизови 18-сола ба 6 ва 10 соли зиндон маҳкум гардида, муҳлати ҷазоро мутаносибан дар муассисаи реҷаи тарбиявӣ ва маҳбаси низомаш пурзӯр адо мекунанд», – гуфт вай.

Ба қавли Аҳроров, суд ҳамчунин се нафар занон – Муҳайё Ҳафизоваи 39-сола, модари Суҳроб Ҳафизовро ба муддати 12 сол, Муҳаббат Ҳафизоваи 28-соларо ба муҳлати 10 сол ва Мунира Бобоеваи 40-сола, модари И.Бобоевро ба муҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда, муҳлати ҷазоро онҳо дар зиндони реҷаи умумӣ адо хоҳанд кард.

«Ҳукми суд ҳоло ҳукми қонунӣ нагирифта, аз болои он шикоят бурдан имконпазир аст», – афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки қисмати дигари гурӯҳ иборат аз 10 нафар аллакай маҳкум гардида, дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд.

Созмони «Ҳизб-ут-Таҳрир» соли 1952 дар Фаластин таъсис дода шуд. Ҳадафи аслии созмон барҳам додани сохти конститутсионӣ дар кишварҳои мусалмонӣ ва бунёди халифат аст. Дар аксари кишварҳо созмони мазкур террористӣ эътироф шудааст. Соли 2001 дар Тоҷикистон низ фаъолияти «Ҳизб-ут-Таҳрир» мамнӯъ эълон гардид. Соли 2008 «Ҳизб-ут-Таҳрир» ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро шомил гардида, аъзои фаъоли он таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтанд.

Бино ба маълумоти прокуратураи вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли равон нисбат ба 56 нафар аъзои фаъоли созмонҳои динии ифротгаро, ки сокинони вилоят мебошанд, парвандаҳои ҷиноӣ мавриди тафтиш қарор гирифта, ба судҳо ирсол гардидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.