Ҷилавгирии қочоқи маснӯоти заргарӣ аз Туркия

Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз як ҳодисаи қочоқи маснӯоти заргарӣ аз Туркия ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намуданд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ба гумони даст доштан дар қочоқи маснӯоти заргарӣ сокини шаҳри Душанбе Муқаддас Азимоваи 43-сола боздошт шудааст. «Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «БМВ Х-6»-и муталлиқ ба ӯ аз […]

ASIA-Plus


Кормандони мақомоти милисаи шаҳри Душанбе аз як ҳодисаи қочоқи маснӯоти заргарӣ аз Туркия ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, дар ҳудуди фурудгоҳи байналмилалии пойтахт ба гумони даст доштан дар қочоқи маснӯоти заргарӣ сокини шаҳри Душанбе Муқаддас Азимоваи 43-сола боздошт шудааст.

«Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «БМВ Х-6»-и муталлиқ ба ӯ аз дохили сумкаҳои сафарӣ 2 килою 930 грамм маснӯоти заргарии аз тило сохташуда ва 12 килою 10-грамм маснӯоти заргарии аз нуқра сохташуда дарёфт ва мусодира карда шуд», – гуфтанд дар ВКД.

Ба иттилои манбаъ, зимни санҷиш муайян карда шудааст, ки номбурда маснӯоти заргарии мазкурро тариқи қочоқ аз шаҳри Истамбули Туркия тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон ворид намудааст.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.