Истиқболи ИА аз узвияти Тоҷикистон ба СУС

Дар иттилоияи нашршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шудани Тоҷикистон истиқбол мешавад. Дар иттилоия зикр мегардад, ки Тоҷикистон узви 159-уми СУС гардид. «ИА аз табрики Тоҷикистон ба сифати узви нави СУС хушнуд буда, ман комилан мутмаинам, ки узвияти кишвар ба ин созмон ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ дар […]

ASIA-Plus


Дар иттилоияи нашршудаи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шудани Тоҷикистон истиқбол мешавад.

Дар иттилоия зикр мегардад, ки Тоҷикистон узви 159-уми СУС гардид. «ИА аз табрики Тоҷикистон ба сифати узви нави СУС хушнуд буда, ман комилан мутмаинам, ки узвияти кишвар ба ин созмон ҳамчун муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ хизмат хоҳад кард», – гуфт комиссари ИА оид ба тиҷорат Карел де Гюхт.

Дар идомаи иттилоия зикр мегардад, ки Тоҷикистон баъди Қирғизистон кишвари дуюми узви СУС дар минтақаи Осиёи Марказӣ гардида, ИА тавассути мусоидат ба гуногунсозии рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, кӯшишҳои ҳукумат дар ҷараёни узвиятро дастгирӣ намуд. «ИА минбаъд низ ба мусоидат ва ҳавасмандии муносиботи тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон идома дода, ҳамгиройии комили он ба низоми тиҷоратии бисёрҷонибаро таъмин хоҳад кард», – омадааст дар иттилоия.

Мувофиқи қарори Шӯрои генералии СУС, Тоҷикистон то санаи 7-уми июни соли 2013 бояд бастаи аснод оид ба узвиятро тасдиқ намояд. Пас аз 30 рӯзи тасдиқи ҳуҷҷатҳо Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СУС мегардад.

Дар иттилоияи ИА ҳамчунин аз таърихи узвияти кишвар ба СУС маълумот дода мешавад. «Аз замони пешниҳоди дархост ба узвият дар СУС дар моҳи майи соли 2011 Тоҷикистон уҳдадор шуд, ки бидуни назардошти марҳилаҳои фосилавӣ, талаботи СУС-ро ба иҷро расонад. Мутобиқи талаботи бастаи ҳуҷҷатҳо, Тоҷикистон ба иҷрои маҷмӯи васеи масоили дастрасӣ ба реҷаи тиҷорати худ ва тақвияти ҳамгиройии он ба низоми тиҷорати ҷаҳонӣ бо шумули имзои 6 созишномаи дуҷониба оид ба дастрасӣ ба бозори хизматгузорӣ ва 13 созишнома оид ба дастрасӣ ба бозори маҳсулот уҳдадор гардид», – гуфта мешавад дар фарҷоми иттилоия.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.