Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сармутахассис оид ба идораи захоири об дар шӯъбаи Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки рушди Осиё (БРО) Панелла Томас изҳор доштааст, ки роҳандозӣ нагаштани ҳамкории минтақавӣ оид ба захоири об ба беҳбуди ҳамгиройии иқтисодии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ монеъа эҷод месозад. Аз ин рӯ, БРО баҳри беҳбуди ин вазъ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Дар иттилоияи бонки мазкур гуфта мешавад, ки ҳамкории ғайриқаноатбахш ва нокофии кишварҳои минтақа (Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон) дар бахши идораи низоми муштараки обӣ сабаби аслии муташанниҷии вазъ дар минтақа гаштааст ва он ба рушди босуботи минтақа таҳдид мекунад.
БРО ихтисос додани бурси минтақавии кӯмаки техникӣ ба маблағи 998 ҳазор доллари амрикоиро барои табодули донишу таҷриба оид ба идораи захоири оби минтақа ва таҳкими имконоти сохтори марбут ба он маъқул шуморидааст.
Бурс аз ҷониби Бунёди мултидонорӣ таҳти раҳбарии Барномаи БРО оид ба маблағгузории шарикона оид ба об (Water Financing Partnership Facility) ҷудо гардида, ҳукуматҳои кишварҳои Австралия, Австрия ва Норвегия ба он саҳм гузоштаанд.


