Сарварии Раҳмон ва Эрдоган ба Шӯрои ҳамкории кишварҳо

Дар доираи сафари расмии худ ба Туркия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Туркия дар анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ширкат варзид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар ин анҷуман беш аз 300 нафар соҳибкорону аз 2 кишвар ҷамъ омаданд, ки нишона аз таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкорӣ дар ин […]

ASIA-Plus


Дар доираи сафари расмии худ ба Туркия Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Туркия дар анҷумани соҳибкорону тоҷирони ду кишвар ширкат варзид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар ин анҷуман беш аз 300 нафар соҳибкорону аз 2 кишвар ҷамъ омаданд, ки нишона аз таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳамкорӣ дар ин сатҳ аст.

Зимни суханронии худ Эмомалӣ Раҳмон аз рушди босуръату бонизоми ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Туркия изҳори қаноатмандӣ намуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки дар соли 2011 ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар зиёда аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, нисбат ба соли 2010 ба андозаи беш аз 180 миллион доллар афзуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон 53 корхонаи муштарак бо иштироки сармояи Туркия ба қайд гирифта шудааст, ки асосан дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, хизматрасонӣ, сохтмон ва қисман коммуникатсияву саноати коркард фаъолияти судманд ба роҳ мондаанд.

Дар охири анҷуман Созишномаи ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Конфедератсияи саноат ва тиҷорати Туркия, Ёддошти тафоҳуми Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон ва ширкати Кока-колаи Туркия доир ба ҳамкорӣ ва Ёддошти тафоҳум миёни ширкати Тамвили Тоҷикистон ва ширкати Туркмолли Туркия доир ба ҳамкорӣ дар сохтмони Маркази истироҳати оилавӣ ва савдо дар шаҳри Душанбе бо ҷалби 50 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.

Тибқи 4 санади нави ҳамкорӣ, ки дар охири анҷумани соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия ба имзо расид, бо ҷалби 122 миллион доллари амрикоӣ аз Туркия 3 корхонаи саноатӣ бунёд меёбад.

Ба иттилои манбаъ, нимаи дуюми рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зимни сӯҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: “Боиси қаноатмандӣ аст, ки муносибатҳои муосири миёни кишварҳои мо имрӯз дар фазои эътимод, ҳусни ният ва созандагӣ муваффақона ҷараён дошта, фарогири ҳамаи самтҳои асосии ҳамкорӣ мебошанд”.

Ҳарду ҷониб аз иқдоми нав дар хусуси таҳти роҳбарии Президенти Тоҷикистон ва Сарвазири Туркия таъсис додани Шӯрои ҳамкорӣ, ки раванди пешбурди самтҳои стратегии ҳамкории миёни ду кишварро ба ӯҳда хоҳад гирифт, ҷонибдорӣ намуданд.

Пас аз анҷоми мулоқот Протоколи ҳошиявӣ оид ба бародаршаҳрӣ миёни шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Туркия ва Эъломияи муштарак миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бегоҳи рӯзи 17 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Қунияи Туркия дар маросими “Шаби Арус”, ки манзур аз он ёдбуд аз Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ дар рӯзи вафоти ин шоиру орифи оламшумул мебошад, иштирок намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд