Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар нишастҳои СААД ва ЕврАзЭС

Дата:


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пагоҳ, 19-уми декабр дар кори нишасти сарони кишварҳои Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ва ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) дар Маскав ширкат хоҳад варзид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, айни замон сарвари давлати Тоҷикистон бо сафари расмӣ дар Туркия қарор дошта, аз ҳамон ҷо ба Маскав меравад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии президенти Русия, дар ҷаласаҳои Шӯрои СААД ва ЕврАзЭС баррасии масоили мушкилоти рӯзмарраи байнулмилалӣ ва минтақавӣ, вазъи Афғонистон, тадбирҳои такмили низоми таъмини амнияти дастаҷамъӣ, таҷдиди минбаъдаи иттиҳод ва мутобиқгардонии фаъолияти он ба шароитҳои нави ҳамгиройӣ дар доираи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ ва ғайра дар назар аст.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное