Таҷлили Рӯзи байнулмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷират

Имрӯз тибқи Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид. Тавре аз маркази матбуоти Хаддамоти муҳоҷират хабар доданд, дар чорабинии мазкур Муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират С.Абдулло аз номи роҳбарияти Хадамот тамоми кормандони ХМ ва муҳоҷиронро бахшида ба ин санаи муҳим (18-уми декабр соли […]

ASIA-Plus


Имрӯз тибқи Нақшаи чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ботантана доир гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Хаддамоти муҳоҷират хабар доданд, дар чорабинии мазкур Муовини Сардори Хадамоти муҳоҷират С.Абдулло аз номи роҳбарияти Хадамот тамоми кормандони ХМ ва муҳоҷиронро бахшида ба ин санаи муҳим (18-уми декабр соли 2012) яъне Рӯзи байнамилаии муҳоҷирон табрику шодбош гуфта, суханро ба сардори Шӯъбаи робита бо ҷомеаи ХМ Абдуллоҳи Қодирӣ дод.

Мавсуф дар бораи таҷлили ин сана ва гиромидошти Рӯзи байнамилаии муҳоҷирон, аҳамияти ин рӯз дар ҷаҳони муосир ва самтҳои фаъолияти ХМ дар тӯли якуним сол, ваколатҳои ХМ ва нақша-чорабиниҳои Хадамоти муҳоҷират сӯҳбат намуд.

Ў қайд намуд, ки ҳадаф аз таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳоҷирон дар он аст, ки тайи  солҳои охир теъдоди муҳоҷирон дар тамоми дунё  сол то сол  меафзояд.

Масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ яке аз афзалиятҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳалли саривақтии худро талаб менамояд. Зеро ҳар сол аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа зиёда аз 700 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мегарданд ва онҳо нигарони он ҳастанд, ки мақомоти дахлдори давлатӣ доир ба таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иҷтимоии онҳо чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар идомаи ин нишаст сардори Шӯъбаи робита бо ҳамватанони бурунмарзӣ Неъматов Хушқадам доир ба теъдоди муҳоҷирон дар ҷаҳон ва мавқеи муҳоҷирон дар ҷаҳони муосир маърӯза намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.