Нобудсозии беш аз 200 кило маводи мухаддир дар АНМН

Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар Душанбе беш аз 200 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҳузури комиссияи иборат аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ зиёда аз 213 кило маводи нашъаовар нобуд гардид. Ба иттилои манбаъ, […]

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар оташдонҳои махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар Душанбе беш аз 200 кило маводи мухаддир сӯзонида шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН хабар доданд, дар ҳузури комиссияи иборат аз намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд, рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ зиёда аз 213 кило маводи нашъаовар нобуд гардид.

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдори маводи мухаддири нобудшуда 11 килояшро героин, 4,5 килояшро афюн, ҳудуди 185 килояшро ҳашиш ва 13,2 килояшро маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис ташкил доданд.

«Ин миқдор маводи мухаддири мусодирашуда дар асоси 15 парвандаи ҷиноӣ, ки нисбати онҳо ҳукми суд содир шуда, мавриди амал қарор гирифтанд, нобуд карда шуд», – гуфтанд дар Агентӣ.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон дар оташдонҳои АНМН дар маҷмӯъ 480 кило маводи мухаддир нобуд карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.