Омодагии раиси ҲНИТ ба созиш бо шаҳрдории пойтахт

Ахири ҳафтаи гузашта дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо аҳолии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, ба Муҳиддин Кабирӣ асосан саволҳои марбут ба мавқеи ҳизб оид ба ин ё он масъалаву мушкилот дар ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд. Ба иттилои манбаъ, дар робита ба саволи марбут […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар Кохи фарҳанги шаҳри Хуҷанд вохӯрии раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо аҳолии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, ба Муҳиддин Кабирӣ асосан саволҳои марбут ба мавқеи ҳизб оид ба ин ё он масъалаву мушкилот дар ҷумҳурӣ пешниҳод гардиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар робита ба саволи марбут ба тайи се соли ахир ба узвият дар созмонҳои ифротгаро муттаҳам шудани 53 нафар аъзои ҲНИТ, М.Кабирӣ посух дод, ки дар натиҷаи санҷиш танҳо 10 нафари онҳо аъзои ҲНИТ буда, ҳатто агар ин 53 нафар аз 2009 то 2012 солҳо ҳамаашон аъзои ҲНИТ мешуданд ҳам, аммо танҳо дар 2012 сол ҷинояткорони прокуратура якчанд маротиба зиёд аст.

«Ман аз он дар тааҷҷубам, ки зимни ошкор сохтани ҷиноятҳо аз ҷониби аъзои дигар аҳзоб мансубияти ҳизбии онҳо зикр намегардад, вале мансубият ба ҲНИТ доимо ишора мешавад. Умуман ҷинояткорон ҳизбият, дин ва миллат надоранд. Барои чӣ танҳо аъзогии ҲНИТ−ро ошкор мекунанд?!», −  таъкид намуд Кабирӣ.

Ба савол доир ба узвияти раисони бахши ҳизб дар ВМКБ ва шаҳри Хоруғ Сабзалӣ Маҳмадризоев ва Шерик Карамхудоев ба гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, раиси ҳизб изҳор намуд, ки дар сӯҳбати телефониаш аз Сабзаалӣ Маҳмадризоев илтимос карда будааст, ки ба шаҳр наравад ва дар гирдиҳамоиҳо иштирок накунад, аммо ӯ ҳамчун шаҳрванд рафта, дар бораи муҳоҷират сӯҳбат кардааст, на ин ки оиди ҲНИТ.

Дар посух ба луқмаи яке аз намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон перомуни мудом мавриди танқиди ҲНИТ қарор доштани ҳизби онҳо ва нодида гирифтани дастовардҳои кишвар, М.Кабирӣ изҳор кард, ки «вазифаи ҳизби мухолиф низ на танҳо таъриф, балки танқид ҳам ҳаст».

Дар робита ба

баҳси судӣ бо мақомоти шаҳрдории пойтахт

зикр гардид, ки «сулҳкорона ин масъаларо ҳал карданианд». «Он 20 миллион сомонии зарари маънавиро адвокат муайян кардааст. Далелҳои шаҳрдорӣ, ки онҳо меоранд ҷой надоранд, чунки вақте ки навори баромадро бо стенограмма дар ҷаласа баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест. Аммо боз ҳам роҳбарияти ҲНИТ омодаи гузашт буда, тайёр аст, ки сулҳҷӯёна масъаларо ҳал кунад», – иброз дошт раиси ҲНИТ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.