Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо сафири Ҷопон


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Хироюки Имахаширо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар мулоқот масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, роҳандозии ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва мутақобилан судманд дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, фароҳам сохтани шароити мусоид барои ҷалби сармоя ва рушди зербинои нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масоили ҳамкориҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо оид ба барқарор кардани сулҳу субот ва иқтисоди Афғонистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули назар сурат гирифт.

spot_imgspot_img

Популярное