Бародаршаҳрҳои Душанбеву Санкт-Петербург перомуни баргузории Рӯзҳои шаҳри ҳамдигар тавофуқ ҳосил карданд

Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бародаршаҳри Душанбе – шаҳри Санкт-Петербурги Русияро таҳти сарварии раиси Кумитаи шуғли аҳолии ҳукумати ин шаҳр Павел Панкратов ба ҳузур пазируфт. Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 24-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати бародаршаҳри Душанбе – шаҳри Санкт-Петербурги Русияро таҳти сарварии раиси Кумитаи шуғли аҳолии ҳукумати ин шаҳр Павел Панкратов ба ҳузур пазируфт.




Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба мушкилоти ҳифзи ҳуқуқ ва будубоши муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.



Бино ба иттилои манбаъ, П.Панкратов пешниҳод кардааст, ки дар чаҳорчӯбаи таҷлили ҷашни 10-солагии бародаршаҳр гаштани шаҳрҳо соли оянда дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербург ва минбаъд Рӯзҳои Душанбе дар ин шаҳр гузаронида шуда, чунин чорабинӣ мунтазам доир гардад. Ин пешниҳод аз тарафи М.Убайдуллоев ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.